Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан пешсаф аст


Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён доранд, беш аз 2900 варзишгар аз 92 кишвар барои 102 маҷмуи медалҳо дар 7 намуди варзиш то рӯзи 25-уми феврал мубориза мебаранд.

Дар ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 14 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 8 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Мунтахаби Олмон, ки 4 медал (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар мақоми аввал аст. Ҳолландиҳо бо 5 медал (2, 2, 1) дар мақоми дувум ва норвегиягиҳо бо 8 медал (1, 4, 3) дар мақоми севум қарор доранд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 242 варзишгар (135 мард, 107 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои 97 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот мунтахаби ИМА бо 1 медали тилло ва 1 медали нуқра дар мақоми чаҳорум қарор гирифтааст.

Ҳисоби медалҳо

Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1

Олмон

3

0

1

4

2

Нидерланд

2

2

1

5

3

Норвегия

1

4

3

8

4

ИМА

1

1

0

2

5

Австрия

1

0

0

1

5

Фаронса

1

0

0

1

5

Шветсия

1

0

0

1

5

Кореяи Ҷанубӣ

1

0

0

1

9

Канада

0

3

1

4

10

Ҷумҳурии Чех

0

1

1

2

11

Италия

0

0

1

1

11

Қазоқистон

0

0

1

1

11

Русия

0

0

1

1

11

Финляндия

0

0

1

1

Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) моҳи декабри соли гузашта варзишгарони Русияро ба иллати нақзи бисёркаратаи муқаррароти марбут ба манъи истеъмоли допинг аз ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 маҳрум кард. Баъдтар Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба 169 варзишгари рус иҷоза дод, ки зери парчами КБО дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ иштирок кунанд, вале конкитоз Олга Граф аз иштирок дар Олимпиада даст кашид.

Дастаи варзишгарон-олимпичиёни Русия баъди ҷамъбасти ду рӯзи мусобиқот бо як медали биринҷии Семён Елистратов (шорт-трек, масофаи 1500 метр) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 11-умро касб кардааст.

Дар рӯзи севуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ варзишгарон барои ҳашт маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

Мусобиқоти рӯзи душанбе, 12-уми феврал. Финал
Сноуборд. Занон. Слоупстайл
Рақси рӯи ях. Қувваозмоиҳои дастаӣ
Варзиши лижаронии кӯҳӣ. Занон. Гигантслалом.
Биатлон. Занон. Пойга, 10 км
Биатлон. Мардон. Пойга, 12,5 км
Варзиши конкитозӣ. Занон, 1500 м
Ҷаҳиш аз трамплин. Занон. Трамплин HS-109
Фристайл. Мардон.Могул. Финал 3

XS
SM
MD
LG