Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми қавии “Хуҷанд” барои ноумед кардани "Аҳал"-и туркманҳо


Дастаи "Хуҷанд"

“Хуҷанд” ба Туркманистон сафар кард

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои ширкат дар плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)–2018 муқобили тими «Аҳал»-и Балканобод, шаби 10-уми феврал тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» бо хатсайри вижа ба Ишқобод парвоз намуд.

Дастаи “Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, аз пойтахти Туркманистон бо автобус ба шаҳри Балканобод рафт.

Ба ҳайати “Хуҷанд” барои иштирок дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ҳамагӣ 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохиланд. Чаҳор нафарашон - дарвозабон Алексей Матросов (Эстония), нимҳимоятгарон Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон) ва ҳамлагар Агблей Ҷонс (Гана) – легионер мебошанд.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал»:

Дарвозабонҳо: Алексей Матросов (Эстония), Дилшод Додобоев;

Ҳимоятгарон: Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов;

Нимҳимоятгарон: Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон), Абдусамад Ҳоҷибаев, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов, Ҳикматулло Расулов, Дилшодҷон Каримов, Амирҷон Раҳимов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал» рӯзи сешанбеи 13-уми феврал дар варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»-и Балканобод соати 15:00 шуруъ мешавад. Бозии ҷавобии ин дастаҳо 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд соати 14:00 оғоз меёбад.

Ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.

Ҷоми АFC-2018

Плей-офф. Бозии аввал

13 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Балканобод, варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

20 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG