Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи Олимпиадаи Пхёнчхан-2018 афрӯхта шуд


Рӯзи ҷумъаи 9-уми феврал дар варзишгоҳи Олимпии Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ барпо гардид.

Маросими пуршукӯҳ бо суруди миллии Кореяи Ҷанубӣ ва барафрохтани парчами давлатии кишвари мизбони Бозиҳо шурӯъ шуд. Пас аз он, мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, ки яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешуд, доир гашт.

Баъдан раиси Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Пхёнчхан-2018 Ли Хи Бом суханронӣ карда, ширкаткунандагони Бозиҳо, тамошобинону меҳмононро бо оғози Бозиҳо табрик намуд. Вай гуфт, "мо дар остонаи лаҳзаи бисёр муҳими ҳаётиамон қарор дорем. Варзиш қувваи нодирест, ки одамонро муттаҳид месозад. Муътақидам, ки Бозиҳо дар Пхёнчхан барои ҳамаи халқҳо умед мебахшад."

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба ҳамагон ба забони кореягӣ салом дод ва онҳоро ба Бозиҳо хайра мақдам гуфт. "Ин рӯйдоди муҳимест, ки ҳамаи мо дер боз интизор будем. Ин воқеаест, ки баҳри он кумитаи тадорукот пурсамар ва боғайрат меҳнат кард. Ташаккур ба ҳар як нафаре, ки гузаронидани ин Олимпиадаро имконпазир намуд", - иброз дошт президенти КБО.

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин Олимпиадаро кушода эълон кард. Оташи олимпиро варзишгари маъруфи Кореяи Ҷанубӣ оид ба рақси рӯи ях Юна Ким бо машъал даргиронд. Оташи олимпӣ дар варзишгоҳи Олимпии Пхёнчхан 16 рӯз фурӯзон хоҳад буд.

Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхан бо ширкати беш аз 2900 варзишгар аз 92 кишвар то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳанд кард. Варзишгарон барои 102 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд.

Вале дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ Тоҷикистон иштирок надорад. Зеро ягон варзишгари тоҷик натавонист, ки меъёрҳои олимпиро ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 иҷро намояд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 242 варзишгар (135 мард, 107 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои 97 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) моҳи декабри соли 2017 тасмим гирифт, ки варзишгарони Русияро аз ҳаққи ширкат дар Олимпиада маҳрум кунад ва гуфт, ки сабаби ин дар “нақзи бисёркарата ва бесобиқаи” муқаррароти марбут ба манъи истеъмоли допинг будааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба 169 варзишгари рус иҷоза додааст, ки зери парчами олимпӣ, на парчами кишвари худ дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ иштирок кунанд, вале конкитоз Олга Граф аз иштирок дар Олимпиада даст кашид.

XS
SM
MD
LG