Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи опера ба азхудкунии маблағҳо муттаҳам шуд


Паата Бурчуладзе
Паата Бурчуладзе

Паата Бурчуладзе, овозхони ҷаҳонии опера, ки соли 2016 ҳизби ҳокими Гурҷистонро дар интихоботи порлумонӣ ба чолиш кашида буд, дар заминаи иттиҳоми азхудкунии маблағҳо ва суиистифода аз бунёди хайрияаш, мавриди бозпурсии додстонии ин кишвар қарор гирифт.

Сосо Бароташвилӣ, вакили Бурчуладзе, рӯзи 9 феврал ба хабарнигорон гуфт, ки зерҳимоияи ӯ чанд рӯз пеш аз Русия баргашт ва барои посух додан ба ҳар суоли додситонҳо омода буд.

Қабл аз бозпурсӣ аз ҷониби додситонҳо дар Додгоҳи шаҳрии Тбилисӣ, дар ҳузури додрас, Бурчуладзе иттиҳомро ноодилона номид ва изҳори умед кард, ки бартарӣ бар адолат хоҳад буд.

Овозхони 62-солаи машҳур дар ҷаҳон Паата Бурчуладзе, дар саҳнаҳои бузурги операи Аврпуо ва ИМА ҳунарнамоӣ мекунад.

Ӯ соли 2016 ҳизби сиёсиеро бо номи "Давлати мардумӣ" таъсис дод ва эътлофи ҳукмронро дар интихоботи порлумонии моҳи октябр ба чолиш кашид.

Ҳизби Бурчуладзе мағлуб шуд ва ба порлумон роҳ наёфт.

Аз моҳи июли соли 2017 Бурчаладзе ба бахши операи театри Михаиловскии Маскав - яке аз қадимтарин театрҳои опера ва балет раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG