Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CAS шикояти 47 варзишгари русиягиро рад кард


Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) шикояти 47 варзишгари руссиягиро, ки ба Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ роҳ дода нашудааст, рад кард. Дар ин бора ба хабарнигорон дабири кулли CAS Мате Риб хабар додааст.

Дар ҷараёни баррасии ин масъала додгоҳ омилҳоеро, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ҳангоми пешниҳоди даъватнома ба варзишгарони русиягӣ ба роҳбарӣ гирифтааст, омӯхт. Аз рӯи натиҷагирии таҳқиқот CAS тасмим гирифт, ки омилҳои пешниҳодкардаи КБО наметавонанд қабулнопазир бошанд, зеро ки ба боздошти узвияти Кумитаи олимпии Русия нигоҳ накарда, бо мақсади «риояи тавозун ва ба хотири манфиати варзишгарони алоҳида аз Русия» ба русиягиҳо имконияти дар Бозиҳо таҳти парчами олимпӣ ширкат кардан дода шудааст.

Шикояти варзишгарони русиягиро гурӯҳи ҳакамон дар ҳайати канадагӣ Кэрол Робертс (раис), швейтсариягӣ Бернхард Велтен ва австралиягӣ Зали Стеггалл баррасӣ кард.

Азбаски Кумитаи олимпии Русия аз КБО хориҷ шудааст, мунтахаби Русия наметавонад дар Олимпиада дар Пхёнчхан иштирок намояд. Ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳоро танҳо он варзишгарони русиягӣ доранд, ки аз комиссияи КБО даъватномаҳои инфиродӣ гирифтаанд ва онҳо таҳти парчами олимпӣ ба ҳайси варзишгарони олимпӣ аз Русия иштирок мекунанд.

169 варзишгар даъватнома гирифт, вале конкитоз Олга Граф аз ширкат дар мусобиқот даст кашид. Ба ин тартиб, баъди рад кардани шикоят шумораи варзишгарони русиягӣ дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпии соли 2018 бетағйир мемонад.

Ба Додгоҳи ҳакамии варзишӣ 32 варзишгари русиягӣ, ки аз комиссияи КБО даъватнома нагирифтааст, инчунин 13 варзишгар ва ду мураббӣ, ки САS пештар онҳоро “сафед” кардааст, шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG