Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи "Вахш"-ро ба "Хатлон" иваз карда, 1 млн сомонӣ доданд


Бозигарони "Вахш"-у "Регар"

Дастаи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки солҳои ахир сарпараст надошт, шанси эҳёи дубораро ба даст овард. Ин даста бо пешниҳоди бозигарон ва ҳукумати Қӯрғонтеппа номашро ба “Хатлон” иваз намуд ва соҳиби сармояи ҳамешагӣ барои фаъолият шуд. Ҳукумати Қӯрғонтеппа соли равон ба ин даста як миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Хабари сармоягузорӣ шудани тими “Хатлон”-ро бархе аз бозигаронаш дар хориҷа шунидаанд. Чун бархеи онҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва бархе дар Амрико ҳастанд.

Сӯҳроби Рустам, сухангӯи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки тими футболи "Вахш" тағйири ном намуда, дар соли равон як миллион сомонӣ сармоя дорад. Абдуалим Исмоилзода, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе гуфт, баъди солҳои тӯлонии ҷустуҷӯи сармоя мушкили молии тим ҳалли худро пайдо кард.

Абдуалим Исмоилзода гуфт, тими "Вахш"-и Қӯрғонтеппа аз як созмони ҷаъмиятӣ ба муассисаи давлатӣ табдил шуд: “Ин тим муассиси асосӣ надошт. Масъалагузорӣ кардем, ки номашро дигар кунем. Барои нуфузи шаҳр дастгирӣ кардем. Ташкилоти ҷамъиятиро ба як клуби футбол ташкил додем. Ҳоло аввалин маоши кормандони ин дастаро додааст.”

Як мақоми ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ин тим ба иловаи беш аз як миллион сомонӣ маблағгузорӣ иловатан дигар кумакҳоеро ҳам пайдо мекунад, ки ба фаъолияти даста равона мешавад.

Оё ин пул барои анҷоми бозиҳо, сафар ба шаҳру навоҳӣ, кирои мошину ғизои хуб барои бозигарон кофӣ аст ё на? Ба ин суол Исроил Шарифов, роҳбари тим посух надод. Вале аксари бозигарон ва мухлисони футбол дар водии Вахш дастгири мақомотро баҳои баланд додаанд.

Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

Тими футболи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ҳамзамон тими "Хатлон"-и Бохтар аз соли 1969 дар водии Вахш таъсис шудааст, ки борҳо номашро иваз кардааст, вале аз тимҳои бонуфузи футбол дар кишвар буд, ки борҳо бозиҳои хуберо анҷом дода, ҳаводорони зиёде дорад.

Меҳроб Зуҳурбеков, аз бозигарони собиқадори тими футболи ҳамакнун "Хатлон" аст, ки 5 соли ахир ҳамчун муррабӣ кор мекунад. Зуҳурбеков солҳои сангину бидуни маблағро хуб ёд дорад. Вай гуфт, аз тарафи ҳукумат маблағгузорӣ шудани ин тими футбол онҳоро рӯҳбаланд кардааст ва ҳоло барои бозӣ ба "Истиқлол"-и Душанбе омодагӣ мегиранд.

"Бачаҳо хеле хушҳол ҳастанд. Омодагӣ мегирем. Бачаҳо моҳи январ маошашонро гирифтаанд, бачаҳо пулдор шудаанд. Дастаи мо боз пурқувват мешавад, боз омодагӣ мегирем, ки бо "Истиқлол" бозӣ кунем. Рустамов, Бобоев ва бозигарони дигари хубе дорем”, - афзуд ӯ.

Бозигарони "Вахш" ва ССКА "Помир"
Бозигарони "Вахш" ва ССКА "Помир"

Меҳроб Зуҳурбеков мегӯяд, худи ӯ наздики 1500 сомонӣ маош гирифтааст ва бозигарон вобаста ба корашон маош мегиранд. Хабари маблағгузорӣ шудани тими “Хатлон”-ро рӯзи 7-уми феврал шояд бархе бозигаронаш аз дур шуниданд. Чун чанд бозигар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва бархе дар Амрико будаанд.

Бозингарони тими "Хатлон" мегӯянд, ки онҳо дар сатҳи вилоят бо "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, "Равшан"-и Кӯлоб ва "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ ҳафтаи гузашта чанд бозӣ анҷом додаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG