Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони зери 19-сола таркиб ёфтааст, дар Туркия омодагиро ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия баргузор мешавад, шуруъ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Дар доираи ин ҷамъомад, ки дар шаҳри Анталия то 20-уми феврал идома меёбад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) рӯзҳои 9, 13, 16 ва 19-уми феврал бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19):
Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарду – «Барқчӣ»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Шаҳзод Раҷабов («Локомотив-Помир»), Самадҷон Шарифов (ССКА «Помир»), Умарҷон Шарипов («Вахш»);
Ҳамлагарон: Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»), Шаҳзод Давлатов, Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев (ҳарсе – Барқчӣ»).
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, муқобили тимҳои Бангладеш, Шри-Ланка, Молдив ва Узбакистон рақобат карда, бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри соли равон дар Индонезия барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ ёфтанд.
Ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 боз ғолибони 9 гурӯҳи дигар иштирк мекунанд: Имороти Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи «A»), Қатар (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Урдун (гурӯҳи «E»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Ветнам (гурӯҳи «Н»), Ҷопон (гурӯҳи «I») ва Австралия (гурӯҳи «J»).
Инчунин аз байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳи дувумро касб карданд, аз рӯи нишондодҳои беҳтарин панҷ дастаи мунтахаб – Ироқ (гурӯҳи «С»), Тайланд (гурӯҳи «I»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «J»), Тайбэйи Чин (гурӯҳи «Н») ва Малайзия (гурӯҳи «F») – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳхат гирифтанд.