Пайвандҳои дастрасӣ

Пизишкон дар Қӯрғонтеппа: "Томография нест, ба Душанбе равед". ВИДЕО


Набуди “томография”-и компютерӣ дар бемористонҳои водии Вахши вилояти Хатлон мушкили муоинаи сокинонро боз ҳам сангинтар кардааст.

Аз Шаҳритус ба...

То Қӯрғонтеппа мерасем, ки шом мешавад. Ба Душанбе бурдани бемор хеле мушкил аст. Боз дар онҷо навбат истодан зарур аст. Харҷи зиёд кардан лозим меояд. Имкон надорем

Амриддин Одинаев, сокини 22-солаи ноҳияи Шаҳритус, ду соли ахир аз сӯзиши пой ва миёнаш ранҷ мекашад. Ӯ рӯзи ҳафтуми феврал гуфт, ба ин дард дар муҳоҷирати корӣ дар Русия гирифтор шуд ва ҳоло баъди бозгашт ба ватан наметавонад сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузарад. Пизишкон барои таъйини “диагноз” ё навъи бемории Одинаев ба ӯ гуфтаанд, ки аз ташхиси томографияи компютерӣ гузарад.

Азбаски дастгоҳи томографияи компютерӣ дар бемористони маҳаллӣ аз моҳи августи порсол хароб аст, ӯро ба маркази вилояти Хатлон фиристоданд. Вале баъди тай кардани роҳи тӯлонӣ аз Шаҳритус то Қӯрғонтеппа дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидов дубора ноумед шуд. Ба ӯ гуфтанд, ки чунин ташхсиро танҳо дар Душанбе мешавад анҷом дод, ки дар 100-километрии дигар ҷойгир аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Табибони Хатлон ба дармондаҳо: "Томография надорем, ба Душанбе равед"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:27 0:00

Амриддин Одинаев рӯзи 5-уми феврал бо умеди ташхиси дард ва гирифтани ҳукми духтурон дар бораи табиати бемориаш ба бемористони вилояти Хатлон омад, вале ба ӯ гуфтанд, ки ҳанӯз “томография” кор намекунад ва бояд ба Душанбе биравад.

"Чаро дар Қӯрғонтеппа як томография нест?"

Давлат Кабиров
Давлат Кабиров

Азбаски худи ӯ мадори сӯҳбат кардан надошт, Давлат Кабиров, яке аз наздиконаш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, сафар ба Душанбе мушкилоти худро дорад: “То Қӯрғонтеппа меоем, ки шом мешавад. Ба Душанбе бурдани бемор хеле мушкил аст. Боз дар онҷо навбат истодан зарур аст, харҷи зиёд кардан лозим меояд. Имкон надорем. Ман ҳайронам, ки чаро дар Қӯрғонтеппа як томография нест? Дар ин шароити сардӣ ба Душанбе рафтан хеле мушкил аст”.

Дар маркази ташхисиву табобатии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як рӯз аз 10 то 30 нафар ба марказ муроҷиат мекунад, вале маҷбур ҳастанд беморонро ба Душанбе фиристанд. Пизишкон мегӯянд, аз моҳи августи порсол то имрӯз ба марказ ҳудуди 1000 нафар бемор муроҷиат карда, ноумед рафтаанд.

"Аввал мутахассис, баъд томография"

Сабаби саргардонии мардуми бемор ин аст, ки найчаи рентгенӣ ё сканери томографияи компютерии тамғаи DUR 422 MV бо сабаби дуру дароз истифода бурданаш аз моҳи августи соли гузашта корношоям шудааст. Дастгоҳ давоми чаҳор сол – аз 2013 то августи 2017 – фаъол буд, вале ҳоло ба таъмир ниёз дорад.

Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, моҳи январ мушкили хароб ё корношоям шудани томографияи компютериро дар водии Вахши вилояти Хатлон дар ҳузури хабарнигорон ба чолиш кашид. Ӯ гуфт, барои таъмин ё харидории томографияи компютерӣ бояд аввал мутахассисонро тайёр кунем, баъд ин дастгоҳро харидорӣ намоем.

Давлатшо Гулаҳмадзода
Давлатшо Гулаҳмадзода

“Вақте томографияи компютерӣ ворид шуд, ягон мутахассис набуд, ки онро идора кунад. Он вақт соли аввали кории ман буд. Кӯшиш мекунем, ки ҳамин дастгоҳҳо ворид шавад, вале дастгоҳҳо вайрон мешаванд. Гурӯҳи корӣ фиристодам. Тақрибан як миллион сомонӣ зарур аст, ки бояд томография таъмин шавад”, - афзуд раиси вилояти Хатлон.

Пизишк: Беморонро ба Душанбе мефиристем

Гулаҳмадзода гуфт, дар назар аст, ки таҷҳизоти нав ба Хатлон оварда шавад, вале пеш аз ҳама бояд дастгоҳ бо мутахассиси ҳирфавии назорат аз кори он таъмин шавад, то дар сурати корношоям шуданаш сареъ таъмир шавад. Бобомурод Худоёров, пизишки томографияи компютерӣ баъд аз хатми Донишгоҳи тиббӣ дар Русия таҷрибаи кор бо ин дастгоҳи замонавиро омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳамарӯза беморони зиёдро бино ба вайрон будани дастгоҳи томография аз беморхона ҷавоб медиҳад ва наметавонад ба онҳо кумак расонад.

Амриддин Одинаев
Амриддин Одинаев

Ӯ гуфт, “таҷҳизот вайрон шудааст. Беморони зиёд аз ноҳияҳои дурдаст муроҷиат мекунанд, онҳоро ба шаҳри Душанбе мефиристем.”

Сайдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, аз корношоям будани томографияи компютерӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа вазири тандурустӣ огоҳ аст. Барои таъмири он 600 ҳазор сомонӣ зарур аст. Барои харидории томография аз ҷониби вазорат, ҳукумати вилоят ва худи муассиса як миқдор пул ҷудо кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG