Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки аз 1-ум то 4-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек – доир шуд, панҷ медал ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 41-ум сурат гирифт, 146 муштзан (139 мард ва 7 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Мардон аз рӯи даҳ вазн ва занон аз рӯи ду вазн рақобат карданд.
Дар байни намояндагони Тоҷикистон Мадина Ғаффорова натиҷаи беҳтарин ба даст овард. Ӯ дар сабқати занон дар вазни 51 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дилноза Неъматуллоева аз Узбакистон пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт.
Муштзани дигари тоҷик Шӯҳрати Абдулазиззода дар сабқати мардон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай дар рақобатҳо дар вазни 91 кило ба финал баромад, вале ба иллати беморӣ натавонист, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ муқобили Сергей Паренко (қирғизистон) иштирок намояд.
Се муштзани тоҷик - Фурқатҷони Одилҷон дар вазни 60 кило, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило ва Аҳмадҷон Саидов дар вазни 81 кило - барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Чунонки Оҷонсии иттилоотии «24.kg» навиштааст, варзишгарони Қирғизистон, ки зиёда аз нисфи медалҳои тиллоро ба даст оварданд, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб карданд. Дастаи мунтахаби Узбакистон ҷойи дувумро соҳиб шуд.
Ба иттилои ин манбаъ, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз медалҳо, бо ҷомҳо дар шакли дастпӯшакҳои муштзанӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибони мусобиқот миёни занон: 51 кг - Мадина Ғаффорова (Тоҷикистон), 60 кг - Фарида Пупова (Қирғизистон).
Ғолибони мусобиқот байни мардон: 49 кг - Туркбай уулу Мирлан (Қирғизистон), 52 кг - Фозилҷон Абдумуродов (Узбакистон), 56 кг - Алманбет Алибеков (Қирғизистон), 60 кг —Қодирбек уулу Арген (Қирғизистон), 64 кг - Бек Қамчибеков (Қирғизистон), 69 кг - Фазлиддин Мелибоев (Узбакистон), 75 кг - Канибек уулу Азамат (Қирғизистон), 81 кг - Мукагалӣ Уралбоев (Қазоқистон), 91 кг - Сергей Паренко (Қирғизистон), + 91 кг - Обидҷон Тоҳиров (Узбакистон).