Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста барои Ҷоми ФФТ мубориза мебарад


Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон), ки рӯзи 8-уми феврал дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор шуруъ мешавад, ҳашт даста иштирок мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки 6-уми феврал дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Федератсиони футболи Тоҷикистон, барпо гардид, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Локомотив-Помир» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ашт» (Ашт) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) дохиланд. Бозиҳои гурӯҳи «А» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва гурӯҳи «Б» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Лигаи футболи Тоҷикистон, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ ба ҷойи дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе роҳ дода шудааст. Зеро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозигарони “Барқчӣ” таркиб ёфтааст, ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар Туркия мегузаронад.

Тибқи дастури мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16-уми феврал баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»: «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), ССКА «Помир» (Душанбе), «Локомотив-Помир» (Душанбе).

Гурӯҳи «Б»: «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ашт» (Ашт), «Истиқлол» (Душанбе).

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

8 феврал (паҷшанбе)

11:00 – «Панҷшер» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

11:00 – «Вахш» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

14:00 – «Истаравшан» – ССКА «Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ашт». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

10 феврал (шанбе)

11:00 – «Панҷшер» – ССКА «Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

11:00 – «Вахш» – «Ашт». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

14:00 – «Истаравшан» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 3-юм

12 феврал (душанбе)

11:00 – «Панҷшер» – «Истаравшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

11:00 – «Вахш» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

14:00 – ССКА «Помир» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ашт» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Нимфинал

14 феврал (чоршанбе)

11:00 – 1 «А» – 2 «Б»

14:00 – 1 «Б» – 2 «А»

16 феврал (ҷумъа)

11:00 – Бозӣ баои ҷойи сеюм

14:00 ФИНАЛ

XS
SM
MD
LG