Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико нерӯҳояшро дар Ироқ коҳиш медиҳад


Зиреҳпӯши нерӯҳои ИМА дар ғарби Мавсил
Зиреҳпӯши нерӯҳои ИМА дар ғарби Мавсил

ИМА баъд аз пирӯзии артиши Ироқ ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлатӣ Исломӣ" ба коҳиши нерӯҳояш дар Ироқ оғоз кард. Дар ин бора намояндаи расмии ҳукумати Ироқ Саъд ал-Хадисӣ рӯзи 5 феврал иттилоъ дод. Ба гуфтаи ал-Хадитӣ, ҷангҳо зидди ҷиҳодиён ба поён расид ва бинобар ин "ҳузури Амрико низ коҳиш хоҳад ёфт".

Ал-Хадисӣ ҳамзамон гуфт, ин маъное нест, ки Амрико пурра хоки Ироқро тарк мекунанд. Ин хабарро шартномавиҳои ғарбӣ низ, ки дар пойгоҳи нирӯҳои эътилофии ба раҳбарии ИМА дар Ироқ ҳузур доранд, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, бурунрафти нирӯҳои амрикоӣ аллакай шуруъ шудааст.

Бино бар хабарҳо, низомиёни ИМА аслиҳа ва техникаҳои худро аз Ироқ ба Афғонистон интиқол медиҳанд.

Шартномавиҳо мегӯянд, ҳафтаи гузашта даҳҳо сарбози амрикоӣ Ироқро тарк карданд. ИМА зарба задан зидди ҷиҳодиёнро дар Ироқ бори нахуст соли 2014 оғоз карда, солҳои ахир артиши Ироқро дар амалиётҳо, аз ҷумла бозпас гирифтани шаҳри Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ дастгирӣ кард.

Пентагон моҳи ноябри соли гузашта хабар дода буд, ки дар моҳи сентябри соли 2017 шумори низомиёни амрикоӣ дар Ироқ 8 ҳазору 900 нафарро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG