Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳарчанд дар бозии охиринаш дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Тайбэйи Чин тими миллии Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод, вале аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.
Бозии даври севуми сабқати гурӯҳи “B” 5-уми феврал дар маҷмааи варзишии University of Taipei Gymnasium барпо гардид. Дар нимаи аввали бозӣ Шавкат Ҳалимов, Баҳодур Хоҷаев ва Дилшод Саломов се гол заданд. Чаҳор голи дигарро Раҳмоналӣ Шарипов, Рустам Ҳамидов, Иқбол Воситзода ва Умед Қузиев дар нимаи дувуми дидор ба самар расониданд.
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 7:0
Голҳо: Шавкат Ҳалимов, 11 (1:0). Баҳодур Хоҷаев, 12 (2:0). Дилшод Саломов, 20 (3:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 23 (4:0). Рустам Ҳамидов, 25 (5:0). Иқбол Воситзода, 27 (6:0). Умед Қузиев, 39 (7:0).
Дар бозии дигари гурӯҳи “В”, ки 5-уми феврал дар маҷмааи варзишии University of Taipei Gymnasium барпо гардид, мунтахаби Ҷопон бар тими Узбакистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев 1-уми феврал дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тими миллии Ҷопон, қаҳрамони секаратаи Осиё ва 3-юми феврал дар бозии дувумаш аз дастаи Узбакистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда буд.
Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, дар ҷадвали гурӯҳи “В” бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Узбакистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбакистон - ба чорякфинал баромаданд.
Вале мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 3 имтиёз севум ва тими Кореяи Ҷанубӣ, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
Ҷопон |
3 |
3 |
0 |
0 |
13-6 |
9 |
2. |
Узбакистон |
3 |
2 |
0 |
1 |
19-8 |
6 |
3. |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
0 |
2 |
11-8 |
3 |
4. |
Кореяи Ҷанубӣ |
3 |
0 |
0 |
3 |
4-25 |
0 |
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки дар Тайбэйи Чин 1-уми феврал оғоз ёфт, рӯзи 11-уми феврал ба поён мерасад. Ба ҷуз дастаҳои Ҷопону Узбакистон, тимҳои Ветнам ва Баҳрайн аз гурӯҳи “А” ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тимҳои Эрон ва Ироқ сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “С” ба чорякфинал баромаданд. Дар бозии даври охирин, ки 6-уми феврал миёни тимҳои Эрону Ироқ доир мешавад, ғолиби ин гурӯҳ маълум мегардад.
Барои ду роҳхати боқимонда ба чорякфинал дастаҳои Лубнон, Қирғизистон ва Тайланд дар гурӯҳи “D” талош доранд. Соҳибони роҳхатҳо аз ин гурӯҳ баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин, ки 6-уми феврал миёни дастаҳои Тайланд – Қирғизистон ва Лубнон – Урдун баргузор мешаванд, муайян хоҳанд шуд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:
Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.
Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.
Тақвим ва натоиҷи бозиҳо
Даври 1-ум
1 феврал (панҷшанбе)
Ҷопон – Тоҷикистон – 4:2
Ветнам – Малайзия – 1:2
Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ – 13:2
Тайбэйи Чин – Баҳрайн – 2:2
2 феврал (ҷумъа)
Ироқ – Чин – 4:2
Қирғизистон – Лубнон - 2:2
Эрон – Мянмар – 14:0
Тайланд – Урдун – 5:1
Даври 2-юм
3 феврал (шанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон – 2:5
Баҳрайн – Ветнам – 1:2
Тоҷикистон – Узбакистон – 2:4
Малайзия – Тайбэйи Чин – 4:5
4 феврал (якшанбе)
Мянмар – Ироқ – 2:3
Урдун – Қирғизистон – 1:3
Чин – Эрон – 1:11
Лубнон – Тайланд – 5:2
Даври 3-юм
5 феврал (душанбе)
Узбакистон – Ҷопон – 2:4
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 7:0
Малайзия – Баҳрайн – 1:3
Тайбэйи Чин – Ветнам – 1:3
6 феврал (сешанбе)
Эрон – Ироқ
Чин – Мянмар
Тайланд – Қирғизистон
Лубнон – Урдун
Чорякфинал
8 феврал (панҷшанбе)
1 «D» – 2 «С»
1 «С» – 2 «D»
Ҷопон – Баҳрайн
Ветнам – Узбакистон
Нимфинал
9 феврал (ҷумъа)
Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби Ҷопон/Баҳрайн
Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби Ветнам/Узбакистон
11 феврал (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
ФИНАЛ
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018).
Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё 14-уми июли соли 2001 баргузор шудааст. Он замон дастаи Тоҷикистон мунтахаби Малайзияро бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст дода буд.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.