Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон ба Ҷопон дар қаҳрамонии футзали Осиё


Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Тайбэйи Чин аз тими миллии Ҷопон, қаҳрамони секаратаи Осиё, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 1-уми феврал дар маҷмааи варзишии University of Taipei Gymnasium баргузор шуд. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 3:2 ва нимаи дувум бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Ҷопон анҷом ёфт. Дар бозии аввали гурӯҳи “В” имрӯз мунтахаби Узбакистон дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 13:2 шикаст дод.

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ - 13:2

Голҳо: Артур Юнусов 3, Даврон Чориев 7,8, 13, Фарҳод Абдумавлонов 11, Ихтиёр Чориев 16, Ҳусниддин Нишонов 22, Машраб Шавкатов 23, Илҳом Ҳамроев 26, Дилшод Раҳматов 31, Анас Раҳматов 35, Машраб Одилов 39 - Жанг Йеонг Чеол 25, 38.

Ҷопон – Тоҷикистон – 4:2
Голҳо: Шимидзу, 1 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 6 (1:1). Нибуя, 9 (2:1). Хоши, 11 (3:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 13 (3:2). Мориока, 37 (4:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В” чунин аст:
1. Узбакистон – 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо 13-2). 2. Ҷопон – 3 имтиёз (4-2). 3. Тоҷикистон – 0 имтиёз (2-4). 4. Кореяи Ҷанубӣ – 0 имтиёз (2-13).

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки дар Тайбэйи Чин 1-уми феврал шуруъ шуд, то рӯзи 11-уми феврал идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бозии дувумашро 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон ва бозии севумашро 5-уми феврал бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳад.

Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.
Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.

Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум

1 феврал (панҷшанбе)
Ҷопон – Тоҷикистон – 4:2
Ветнам – Малайзия – 1:2
Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ – 13:2
Тайбэйи Чин – Баҳрайн – 2:2

2 феврал (ҷумъа)
Ироқ – Чин
Қирғизистон – Лубнон
Эрон – Мянмар
Тайланд – Урдун

Даври 2-юм
3 феврал (шанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон
Баҳрайн – Ветнам
Тоҷикистон – Узбакистон
Малайзия – Тайбэйи Чин

4 феврал (якшанбе)
Мянмар – Ироқ
Урдун – Қирғизистон
Чин – Эрон
Лубнон – Тайланд

Даври 3-юм
5 феврал (душанбе)

Узбакистон – Ҷопон
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ
Малайзия – Баҳрайн
Тайбэйи Чин – Ветнам

6 феврал (сешанбе)
Эрон – Ироқ
Чин – Мянмар
Тайланд – Қирғизистон
Лубнон – Урдун

Чорякфинал
8 феврал (панҷшанбе)

1 «D» – 2 «С»
1 «С» – 2 «D»
1 «В» – 2 «А»
1 «А» – 2 «В»

Нимфинал
9 феврал (ҷумъа)

Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»
Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»

11 феврал (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
ФИНАЛ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG