Рӯзи 30-юми январ дар Тоҷикистон бори аввал ба таври расмӣ ва дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада таҷлил шуд. Ҷашни Садаро аз қадим 50 рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз, яъне 30-юми январ, таҷлил мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пеш аз он сокинони кишварро ба ин сана табрик гуфт ва ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват кард. Ин табрикоти оқои Раҳмон шаби 29-уми январ аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар табрикоти худ гуфт, дар замони истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, "соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилҳо аз сокинон даъват кард, тамоми талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"-ро риоя кунанд.
“Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад”, - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи муаррихон, ҷашни Сада дар замони қадим хеле бошукуҳу бодабдаба ва бо афрӯхтани гулхан таҷлил мешуд.
Порлумони Тоҷикистон охирҳои моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид кард, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад.