Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, барои ширкат дар плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 дархост пешниҳод кард.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, ба дархости бошгоҳи «Хуҷанд» 18 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохил шудаанд. Дар ин рӯйхат ду нафарашон легионер мебошанд: дарвозабон Алексей Матросов аз Эстония ва ҳамлагар Агблей Ҷонс аз Гана.
Дархости «Хуҷанд» барои иштирок дар Ҷоми AFC-2018:
Дарвозабонҳо: 1. Дилшод Додобоев, 16. Муъминҷон Гадойбоев, 88. Алексей Матросов (Эстония);
Ҳимоятгарон: 2. Соҳибҷон Ҳакимов, 3. Рустам Домлоҷонов, 5. Фирдавс Чақалов, 19. Хуршед Бекназаров, 22. Манучеҳр Аҳмадов, 24. Далерҷон Тухтасунов;
Нимҳимоятгарон: 6. Абдусамад Ҳоҷибоев, 8. Эҳсон Бобоев, 9. Кароматулло Саидов, 21. Ҳикматулло Расулов, 23. Дилшодҷон Каримов, 63. Амирҷон Раҳимов;
Ҳамлагарон: 10. Дилшод Бозоров, 20. Агблей Ҷонс (Гана), 62. Ҷаҳонгир Эргашев.
Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.
Тибқи дастури мусобиқот, як ҳафта пеш аз бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC «Хуҷанд» метавонад ба дархосташ боз панҷ бозигарро илова намояд. Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот “Хуҷанд” метавонад боз панҷ бозигари дигарро ба дархосташ илова созад. Дар ҷараёни давраи дархостдиҳӣ ҳар як бошгоҳ метавонад ба рӯйхати бақайдгирӣ на бештар аз 30 бозигарро дохил намояд.
Бозиҳои “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзҳои 13-ум ва 20-уми феврал багузор мешаванд. Рақиби “Хуҷанд” дар бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Аҳал»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон имрӯз, 30-юми январ, маълум мегардад. Дар бозии аввал, ки 23-юми январ дар Бишкек доир шуд, дастаи меҳмон – “Аҳал” – бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфтан, «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - бозӣ мекунад.
Барои чанг нашавад, барои ноороми нашавад албатта як тарафро бо ярок затарит кунанд. Украина бо хамун ярокхои шумо яксон шуда истодааст. Ба чои музокираву шартнома ярок. Ба шумо бовари нест. Кандота зан Русия то бахри Атлантики бзан бра
ВКД чи даркор патпати зиёдати, ба чари афтиданд, мошинашон гарк шуд, руи рост гуед , ки ба фармони калонхо итоъат накарданд безарар гардонидед тамом ва салом.
Метарсам, ки кадом руз мани кампири 80 соларо ин хукумат терорист мебаромада.
Дар умум Точикистон зери ХАТАР аст!!!
Пол Пот дар Камбоджа 2 миллион одам кушт, емомали рахмон хам мехохад, ки рекордаш занад. 2 миллион точик гиреза, 6 миллион дар факр ва нимгурусна ва гуломи худаш ва оилааш, ва боз хуни нохаки точикони помири кухистонро рехта истоааст. рахмон, ту чи хел бурда нон ба дахон мегири? дастонатон пури хуни мардуми точик хастанд. бирав ба пеши сохибат Путин, чои ту ва авлодат дар чангалхои сибири руссия хаст, он чо хам табиат диктаторро кабул нафорад. Бо хислати номахрамонаатон дар пири аз хислат ва зоти Инсони дур рафти ва ба сангу кулухи бедил табдил ефти ва миллати точикро тарсонда, нимтини фурухти, ин мардум террорист нест, ин худат ва оилаат террористи миллати точик шуда мондед,