Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қазоқистон ду бозии дӯстона анҷом дод ва дар ҳардуяш шикаст хӯрд.
Мунтахаби Тоҷикистон 27-уми январ аз тими “Ғайрат”-и Алматӣ, қаҳрамони 15-каратаи Қазоқистон ва барандаи дукаратаи Ҷоми УЕФА, бо ҳисоби 2:4 мағлуб гашт. Баъдан дар бозии дувуми дӯстона, ки 28-уми январ дар маҷмааи варзишии “Ғайрат”-и Алматӣ бо тими миллии футзали Қирғизистон барпо гардид, бо ҳисоби 3:6 ноком шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё шаби 29-уми январ ба Ҳонконг ва аз онҷо ба Тайбейи Чин парвоз мекунад.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё аз 1-ум то 11-уми феврал дар Тайбэйи Чин барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» 1-уми феврал бо тими Ҷопон, 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон ва 5-уми феврал бо мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ рақобат менамояд.
Бозиҳои санҷишӣ
«Ғайрат» (Алматӣ, Қазоқистон) – мунтахаби Тоҷикистон – 4:2
Голҳо: Алешандре, 15 (1:0). Алешандре, 16 (2:0). Золтан Дрот, 24 (3:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 32 (3:1). Золтан Дрот, 33 (4:1). Муҳаммадҷон Шарипов, 39 (4:2).
27 феврал. Алматӣ. Маҷмааи варзишии «Ғайрат».
Қирғизистон – Тоҷикистон – 6:3
Голҳо: Юлдошбой Салимбоев (3), Абдурасул уулу Манас, Мақсад Олимов, Мирлан Жолдубоев – Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Рустам Ҳамидов.
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов – Дилшод Саломов (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Некрӯз Алимаҳмадов.
Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев, Муҳаммад Шарипов, Рустам Ҳамидов, Фирӯз Сангов, Шавкат Ҳалимов, Файзалӣ Сардоров.
28 январ. Алматӣ. Маҷмааи варзишии «Ғайрат».
Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:
Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.
Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
1 феврал (панҷшанбе)
Ҷопон – Тоҷикистон
Ветнам – Малайзия
Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ
Тайбэйи Чин – Баҳрайн
2 феврал (ҷумъа)
Ироқ – Чин
Қирғизистон – Лубнон
Эрон – Мянмар
Тайланд – Урдун
Даври 2-юм
3 феврал (шанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон
Баҳрайн – Ветнам
Тоҷикистон – Узбакистон
Малайзия – Тайбэйи Чин
4 феврал (якшанбе)
Мянмар – Ироқ
Урдун – Қирғизистон
Чин – Эрон
Лубнон – Тайланд
Даври 3-юм
5 феврал (душанбе)
Узбакистон – Ҷопон
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ
Малайзия – Баҳрайн
Тайбэйи Чин – Ветнам
6 феврал (сешанбе)
Эрон – Ироқ
Чин – Мянмар
Тайланд – Қирғизистон
Лубнон – Урдун
Чорякфинал
8 феврал (панҷшанбе)
1 «D» – 2 «С»
1 «С» – 2 «D»
1 «В» – 2 «А»
1 «А» – 2 «В»
Нимфинал
9 феврал (ҷумъа)
Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»
Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»
11 феврал (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
ФИНАЛ