Марҳилаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе ба поён расид. Чаҳор даста - “Барқчӣ”-и Ҳисор, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе ва «Истиқлол»-и Душанбе - ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок дошт. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд: гурӯҳи «А» - «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода, гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Маҳаллаи 83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе).
Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра барпо гардиданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳилаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки аз 11-ум то 22-юми феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
“Барқчӣ”, ки дар ҳарсе бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб намуд. “Регар-ТадАЗ” бо 6 имтиёз дувум шуд. «Локомотив-Помир» бо 3 тимтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. “Ваҳдат” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.
ССКА «Помир», ки дар ҳарсе бозиаш ғалаба кард, бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “Б” мақоми аввалро соҳиб гашт. “Истиқлол” бо 6 имтиёз ҷойи дувумро гирифт. “Маҳаллаи 83” бо 3 имтиёз севум шуд. “Кӯктош” бидуни имтиёз ҷойи охирин – чаҳорумро ишғол кард.
Ба ин тартиб, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе дастаҳои «Барқчӣ», «Регар-ТадАЗ» (гурӯҳи «А»), ССКА «Помир» ва «Истиқлол» (гурӯҳи «Б») роҳ ёфтанд.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Марҳилаи пешакӣ дар минтақаҳои Суғду Хатлон идома дорад. Аз ин минтақаҳо дудастаӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Ҷоми ФФТ. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2
Голҳо: Фирӯз Қараев, 29 (0:1). Фирӯз Фузайлов, 47 (1:1). Сафаралӣ Каримов, 71 – аз пеналтӣ (1:2).
27 январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
«Барқчӣ» – «Ваҳдат» – 8:1
Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 8 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 26 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 34 (3:0). Фирдавс Файззода, 40 (3:1). Шарафҷон Солеҳов, 44 – аз пеналтӣ (4:1). Манучеҳр Сафаров, 51 (5:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 52 (6:1). Шаҳром Самиев, 62 (7:1). Шаҳром Самиев, 79 (8:1).
27 январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
3 |
3 |
0 |
0 |
13-1 |
9 |
2. |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
3 |
2 |
0 |
1 |
4-2 |
6 |
3. |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
3 |
1 |
0 |
2 |
11-8 |
3 |
4. |
«Ваҳдат» (Ваҳдат) |
3 |
0 |
0 |
3 |
3-20 |
0 |
Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм
«Кӯктош» – ССКА «Помир» – 1:3
Голҳо: Азизбек Султонов, 22 (1:0). Самад Шарифов, 29 – аз пеналтӣ (1:1). Зоир Ҷӯрабоев, 85 (1:2). Билол Сулаймонов, 90+3 (1:3).
26 январ. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
«Маҳаллаи 83» – «Истиқлол» – 0:4
Голҳо: Сиёвуш Асроров, 44 – аз пеналтӣ (0:1). Дилшод Восиев, 61 (0:2). Ромиш Ҷалилов, 64 (0:3). Комрон Турсунов, 88 (0:4).
26 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
3 |
3 |
0 |
0 |
6-2 |
9 |
2. |
«Истиқлол» (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
11-2 |
6 |
3. |
«Маҳаллаи 83» (Душанбе) |
3 |
1 |
0 |
2 |
1-5 |
3 |
4. |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-10 |
0 |
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!