Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА “Помир” ва “Барқчӣ” ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд


Дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон)-2018, ки аз 11-ум то 22-юми феврал дар пойтахти кишвар баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

ССКА «Помир» дар марҳилаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе пас аз ду пирӯзӣ бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ва тими “Маҳаллаи 83”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “Б” мақоми аввалро касб кардааст.

“Барқчӣ” бошад, дар марҳилаи пешакӣ нахуст бар тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4:0 ва дар даври дувум бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “А” қарор гирифтааст.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шудааст.

Дар марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок дорад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода, гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе).

Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра барпо мегарданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳилаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ меёбанд.

Ба ин тартиб, соҳибони ду роҳхати дигар дар минтақаи Душанбе дар бозиҳои даври охирин миёни дастаҳои “Локомотив-Помир” - “Регар-ТадАЗ” (гурӯҳи “А”) ва “Маҳаллаи 83” - “Истиқлол” (гурӯҳи “Б”) маълум мешаванд.

Ҷоми ФФТ-2018

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Ваҳдат» – «Локомотив-Помир» – 2:10

Голҳо: Эмомалии Аҳмадхон, 3 (0:1). Ислом Зоиров, 7 (0:2). Эмомалии Аҳмадхон, 10 (0:3). Ислом Зоиров, 12 (0:4). Маҳмадлоиқ Нуриддинов, 34 (1:4). Рустам Соиров, 43 (1:5). Рустам Соиров, 46 (1:6). Фирдавс Файззода, 48 (2:6). Эмомалии Аҳмадхон, 56 (2:7). Суннат Исмоилов, 72 (2:8). Суннат Исмоилов, 80 (2:9). Алишер Нозимзода, 87 (2:10).

25 январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ» – 0:1

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 55.

25 январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

2

0

0

5-0

6

2.

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

1

0

1

10-6

3

3.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

0

1

2-1

3

4.

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

2

0

0

2

2-12

0

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

ССКА «Помир» – «Маҳаллаи 83» – 1:0

Гол: Расул Пайзов, 70.

24 январ. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

«Истиқлол» – «Кӯктош» – 6:0

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 8 (1:0). Шериддин Бобоев, 12 (2:0). Дилшод Восиев, 45 – аз пеналтӣ (3:0). Шериддин Бобоев, 48 (4:0). Ҳомид Ғуломӣ, 86 (5:0). Комрон Турсунов, 90+2 (6:0).

24 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

2

0

0

3-1

6

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

2

1

0

1

7-2

3

3.

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

2

1

0

1

1-1

3

4.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

0

0

2

0-7

0

Даври 3-юм

26 январ (ҷумъа)

11:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Маҳаллаи 83» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

27 январ (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Барқчӣ» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG