Имрӯз, 25-уми январ, марҳилаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсиони футболи Тоҷикистон) дар минтақаҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон шуруъ мешавад.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар минтақаҳои Душанбе, Суғд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор мешавад. Қисми ниҳоии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ аз 11-ум то 22-юми феврал дар Душанбе барпо мегардад.
Бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти минтақавӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бозиҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳҳои марказии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ, дар минтақаи Кӯлоб дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҳулбук барпо мегарданд.
Ҷоми ФФТ-2018
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон
Гурӯҳи «А»: «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Моҳир» (Ёвон), «Саройкамар» (Панҷ), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ).
Гурӯҳи «Б»: «Чашма» (Шаҳритус), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Пахтакор» (Қабодиён).
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
25 январ (панҷшанбе)
12:00 – «Вахш» – «Арал». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Моҳир» – «Саройкамар». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
26 январ (ҷумъа)
12:00 – «Панҷшер» – «Пахтакор». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Чашма» – «Дӯстӣ». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
27 январ (шанбе)
12:00 – «Саройкамар» – «Вахш». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Арал» – «Моҳир». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ
28 январ (якшанбе)
12:00 – «Дӯстӣ» – «Панҷшер». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Пахтакор» – «Чашма». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
29 январ (душанбе)
12:00 – «Вахш» – «Моҳир». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Арал» – «Саройкамар». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ
30 январ (сешанбе)
12:00 – «Чашма» – «Панҷшер». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Дӯстӣ» – «Пахтакор». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ
Ҷоми ФФТ-2018. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Гурӯҳи «А»: «Равшан» (Кӯлоб), «Сомон» (Данғара), «Шоҳин» (Муъминобод), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ).
Гурӯҳи «Б»: «Ҳулбук» (Ҳулбук), «Ҳосилот» (Фархор), «Сурхоб» (Темурмалик), «Кӯлоб» (Кӯлоб).
Даври 1-ум
25 январ (панҷшанбе)
11:00 – «Равшан» – «Сарҳадчӣ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Сомон» – «Шоҳин». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
26 январ (ҷумъа)
11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯлоб». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ҳосилот» – «Сурхоб». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
27 январ (шанбе)
11:00 – «Сомон» – «Сарҳадчӣ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Шоҳин» – «Равшан». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
28 январ (якшанбе)
11:00 – «Ҳулбук» – «Сурхоб». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ҳосилот» – «Кӯлоб». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
29 январ (душанбе)
11:00 – «Шоҳин» – «Сарҳадчӣ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Сомон» – «Равшан». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
30 январ (сешанбе)
11:00 – «Ҳосилот» – «Ҳулбук». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Сурхоб» – «Кӯлоб». Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
Нимфинал
31 январ (чоршанбе)
11:00 – 1 «А» – 2 «Б». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – 1 «Б» – 2 «А». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
2 феврал (ҷумъа)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм. Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – Финал. Ҳулбук, Варзишгоҳи марказӣ