Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё эълон шуд


Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллӣ, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат меварзад, 14 бозигарро дохил намуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё аз 1-ум то 11-уми феврал дар Тайбэйи Чин барпо мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 1-уми феврал бо дастаи Ҷопон, қаҳрамони секаратаи Осиё, анҷом медиҳад. Дар даври дувуми мусобиқот 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон, ки дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯбарӯ мешавад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, ки 5-уми феврал барпо мегардад, дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Раҳмоналӣ Шарипов, Умед Қузиев (ҳама – «ДИСИ Инвест»), Файзалӣ Сардоров, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳама – «Сипар»), Фирӯз Сангов («Соро компания»), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Ҳусейн Шодиев.
Ҳусейн Шодиев.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи даста аввалан роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё мебошад. Вай афзуд, “Рақибони мо дар сабқати гурӯҳӣ тимҳои пурқувватанд. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ҷопон нисбат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Тошканд доир шуд, ҳайатҳои худро нав кардаанд. Мо бо мунтахаби Узбакистон солҳои охир чор бозӣ карда, дар яктоаш ғолиб шудем, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт ва дар ду бозӣмағлуб гаштем. Мунтахаби Ҷопон, ки имсол дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод ҷойи сеюмро гирифт, бо ҳайати нав бозӣ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ тими суръатӣ, рақиби сазовор аст. Дар бозӣ бо ҳар яке аз ин дастаҳо тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар хоҳем кард.”

Мунтахаби Тоҷикистон дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» –Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ё Баҳрайн – вориди рақобат мешавад.

Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.

Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

1 феврал (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Ветнам – Малайзия

Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ

Тайбэйи Чин – Баҳрайн

2 феврал (ҷумъа)

Ироқ – Чин

Қирғизистон – Лубнон

Эрон – Мянмар

Тайланд – Урдун

Даври 2-юм

3 феврал (шанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон

Баҳрайн – Ветнам

Тоҷикистон – Узбакистон

Малайзия – Тайбэйи Чин

4 феврал (якшанбе)

Мянмар – Ироқ

Урдун – Қирғизистон

Чин – Эрон

Лубнон – Тайланд

Даври 3-юм

5 феврал (душанбе)

Узбакистон – Ҷопон

Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Малайзия – Баҳрайн

Тайбэйи Чин – Ветнам

6 феврал (сешанбе)

Эрон – Ироқ

Чин – Мянмар

Тайланд – Қирғизистон

Лубнон – Урдун

Чорякфинал

8 феврал (панҷшанбе)

1 «D» – 2 «С»

1 «С» – 2 «D»

1 «В» – 2 «А»

1 «А» – 2 «В»

Нимфинал

9 феврал (ҷумъа)

Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»

Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»

11 феврал (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ФИНАЛ

XS
SM
MD
LG