Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро моҳиҳои Мизробшоҳ дар дастурхони бисёре аз мардум нест? ВИДЕО


Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад

Дар вилояти Хатлон даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо хоҷагии моҳипарварии «Асадулло» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомист.

Дар ин хоҷагӣ ба ғайр аз зағорамоҳӣ, ҳамчунин, моҳии амур ва капур ва ё моҳии кӯл парвариш мекунанд. Кораш осон нест ва заҳмату харҷи зиёд металабад.

Аммо моҳиҳоеро, ки Мизробшоҳ Убайдов мепарварад, дар дастурхони бисёре аз мардуми Тоҷикистон намебинед, зеро як килои моҳӣ вобаста ба навъаш аз 25 то 35 сомонӣ ё 4 доллар мерасад. Харҷи зиёд барои парвариш қимати моҳиро боло бурдааст, чун ғизои онро аз хориҷ меоранд.

Таваккал Гадоев, яке аз моҳипарварони дигар, гуфт, «моҳидорон асосан аз камбуди хӯроки моҳӣ танқисӣ мекашанд. Баъдан қарзҳои имтиёзнок нест. Агар қарзҳо мешуданд, беҳтар мешуд, соҳаи моҳипарварӣ инкишоф меёфт.»

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои асосии моҳипарвари Хатлон аст ва соли гузашта беш аз 300 тонна моҳӣ ба бозор баровардааст.

Моҳиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро на танҳо дар Хатлон, балки дар Душанбе ҳам мефурӯшанд. Моҳипарварон мегӯянд, агар молиёт камтар мешуд ва барои онҳо шароити беҳтаре фароҳам мекарданд, мумкин буд, на танҳо мардуми сарватманд, балки мардуми оддӣ ҳам ҳафтае як бор ё ду бор сари дастурхон бо фарзандонашон моҳӣ мехӯрданд.

XS
SM
MD
LG