Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ-2018: Оғози марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе


Се бозии марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2018 дар минтақаи Душанбе рӯзи 22-юми январ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми ФФТ, аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Тими «Маҳаллаи-83»-и Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор тими «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби буурги 4:0 мағлуб кард.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок дорад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегарданд.

Бозиҳои гурӯҳи «Б» бо иштироки дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегарданд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳалаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳалаи пешакӣ мусобиқот дар минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Қӯрғонтеппаю Кӯлоби вилояти Хатлон барпо мегардад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми ФФТ, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 4:0

Голҳо: Шаҳром Самиев, 15 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 30 (2:0). Шаҳром Самиев, 43 (3:0). Шарафҷон Солеҳов, 52 (4:0).

22 январ. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Маҳаллаи-83» – 0:1

Гол: Руслан Тиллоев, 80 – аз пеналтӣ.

22 январ. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 800 тамошобин.

«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 1:2

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 8 (1:0). Абдухалил Боронов, 41 (1:1). Мӯҳсин Абдуғаффоров, 58 (1:2).

22 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

23 январ (сешанбе)

11:00 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

24 январ (чоршанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Маҳаллаи-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

25 январ (паҷшанбе)

11:00 – «Ваҳдат» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

26 январ (ҷумъа)

11:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Маҳаллаи-83» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

27 январ (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

17:00 – «Барқчӣ» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG