Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Урдун гуфт, аз кори Трамп нигарон шудааст


Шоҳи Урдун Абдуллоҳ
Шоҳи Урдун Абдуллоҳ

Шоҳи Урдӯн Абдуллоҳи II аз эътирофи Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар мулоқот бо Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, “Барои мо мусулмонон Байтулмуқаддас чун барои масеҳиёну яҳудиҳо калид аст. Калид барои сулҳ дар минтақа ва калид барои мусулмонон, ки ба зидди решаҳои ифротгароӣ муборизаи муассир баранд.”

Мулоқот дар Уммон рӯзи 21-уми январ сурат гирифт. Майк Пенс, қарори раиси ҷумҳур Доналд Трампро “таърихӣ” номида ва гуфтааст, ки ҳукумати Амрико ба аҳдаш барои аз сар гирифтани талошҳо барои сулҳ байни Исроилу Фаластиниён содиқ аст ва Урдунро бозигари аслӣ дар ин талошҳо ҳисоб мекунад.

Майк Пенс дар ҷараёни сафараш ба Ховари Миёна рӯзи 20-уми январ аз Қоҳира вориди Уммон шуд. Эътирофи Байтулмуқаддас ба ҳайси пойтахти Исроил хашми Фаластиниён ва мусулмонони зиёдеро барангехт. Фаластиниён, Байтулмуқаддасро пойтахти кишвари ояндаи худ мешуморанд.

Исроил Байтулмуқаддаси шарқиро ишғол карда ва тамоми шаҳрро пойтахти худ эълон кардааст, вале ҷомеаи байналмилал ин амалро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG