Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хост, ҷабру зулм ба занонро хотима диҳанд


Попи Рум
Попи Рум

Попи Рум аз мардуми кишварҳои Амрикои Лотинӣ хост, зӯроварӣ ба занонро хотима бидиҳанд ва хостори қабули қонуни нав барои муҳофизати бонувон аз хушунат шуд.

Ӯ рӯзи 20-уми январ дар ҳузури ҳазорон нафар дар шаҳри Трухиллои Перу гуфт: “Мехоҳам шуморо ба мубориза ба зидди вабое даъват кунам, ки дар саросари Амрикои Лотинӣ ҳаст. Мубориза ба зидди ҷиноятҳои хушунатбор ба зидди зан, сар аз латукӯб то ба таҷовузи ҷинсиву куштор.”

Поп Франсис занону модаронро нерӯи ҳидоятгари хонавода номид. Попи Рум, ки дар Аргентина ба дунё омадааст гуфт, дар Амрико Лотинӣ ҷиноятҳову қатли занон пинҳон мемонад, чун қурбониёнро намегузоранд, ки дар ин бора гап бизананд.

Созмони Милал мегӯяд, нисфе аз 25 кишваре, ки дар онҳо қатли занон назар ба ҳарҷои дигар зиёд аст, кишварҳои Амрикои Лотинӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG