Хадамоти амнияти Узбекистон ду нафарро бо гумони ҷалби одамон ба гурӯҳи мусаллаҳи хориҷӣ боздошт кард. Шабакаи телевизионии давлатӣ бегоҳи 18-уми январ гузориш дод, ки ин ду нафар бо гурӯҳи "Ал-Тавҳид вал-Ҷиҳод" аз тариқи Фейсбук робита доштанд.
Дар гузориш гуфта шуд, ки боздоштшудаҳо аз гурӯҳи мусаллаҳ кумаки молӣ дарёфт мекарданд.
Мақомоти амниятӣ исми ин ду нафарро ошкор накарданд. Аммо телевизиони давлатӣ гуфт, онҳо узбактаборони маҳаллаҳои Олмазов ва Юнусободи Тошканд буданд.
Мақомот ин ду нафарро, инчунин, ба ҳамкорӣ бо тундгароён ва пахши маводи таҳдидомез барои ҷомеа муттаҳам карданд. Матбуоти Узбекистон навиштанд, ходимони милитсия ҳамчунин мавриди таҳти таъсири гумонбарон қарор гирифтани 23 нафарро таҳқиқ мекунанд.
Гуфта мешавад, ҳудуди 1 500 нафар аз Узбекистон ва Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шуданд.
Якчанд Узбекистонӣ дар амалҳои густардаи террористии соли 2017 даст доштанд. Сайфулло Соипови узбактабор гумонбари аслии ҳамлаи рӯзи 31-уми октябри соли гузашта дар Ню-Йорк ба шумор меояд, ки 8 кушта бар ҷой гузошт.
Моҳи апрели соли 2017 узбактабори дигар Раҳмат Оқилов бо мошини боркаш тӯдаи мардумро дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия пахш кард ва 4 нафарро ба ҳалокат расонд.
Пулиси Туркия шаҳрванди Узбекистон Абдулқодир Машариповро омили асосии ҳамлаи мусаллаҳона ба клуби шабонаи Истанбул эълон кард, ки шаби 1-уми январи соли 2017 39 нафарро кушта ба ҷой гузошт. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.