Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: Натоиҷи қуръакашӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон


Марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2018 дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ширкати ҳашт даста рӯзи 25-уми январ шуруъ мешавад.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 11-ум то 22-юми феврал дар Душанбе барпо мегардад, роҳхат мегиранд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳалаи пешакӣ мусобиқот дар минтақаҳои Душанбе, Суғд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон барпо мегардад. Дар минтақаи Кӯлоб шумораи аниқи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти пешакӣ 20-уми январ муайян мешавад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ мебошад, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Марҳалаи пешакӣ. Минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

Гурӯҳи «А»: «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Моҳир» (Ёвон), «Саройкамар» (Панҷ), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ).

Гурӯҳи «Б»: «Чашма» (Шаҳритус), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Пахтакор» (Қабодиён).

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

25 январ (панҷшанбе)

12:00 – «Вахш» – «Арал». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Моҳир» – «Саройкамар». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

26 январ (ҷумъа)

12:00 – «Панҷшер» – «Пахтакор». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Чашма» – «Дӯстӣ». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм
27 январ (шанбе)

12:00 – «Саройкамар» – «Вахш». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Арал» – «Моҳир». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ

28 январ (якшанбе)

12:00 – «Дӯстӣ» – «Панҷшер». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Пахтакор» – «Чашма». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

29 январ (душанбе)

12:00 – «Вахш» – «Моҳир». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Арал» – «Саройкамар». Абдураҳмони Ҷомӣ, Варзишгоҳи марказӣ

30 январ (сешанбе)
12:00
– «Чашма» – «Панҷшер». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Дӯстӣ» – «Пахтакор». Ҷалолиддини Балхӣ, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG