Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз бозигарони синашон то 16-сола таркиб ёфтааст, омодагиро ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия баргузор мешавад, шуруъ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 30-юми январ идома меёбад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов 25 бозигарро даъват кардааст.
Дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби наврасони Тоҷикистон имсол баргузории якчанд ҷамъомадро дар хориҷи кишвар ба нақша гирифтааст. Инчунин футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Русия, Қазоқистон ва Чин ширкат хоҳанд кард.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия тавассути қуръакашӣ, ки дертар барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):
Дарвозабонҳо: Гурез Холов, Комрон Иброҳимов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Мирзобек Оқилов («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Литфуллоев, Меҳроб Азимов («Локомотив-Помир»), Шерзод Ҳошимов («Хуҷанд»), Фирӯз Фузайлов («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Озод Панҷиев, Иброҳим Зокиров (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов, Умедҷон Холиқов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Суннат Исмоилов, Адам Бикадоров (ҳарду – «Вахш»);
Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарсе – «Локомотив-Помир»), Муҳаммадҷони Айнӣ («Истиқлол»).
Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд, дар ҳарсе бозиаш бар тимҳои Сурия (2:0), Молдив (14:0) ва Умон (1:0) пирӯз шуда, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Умон бо 6 имтиёз дувум, тими Сурия бо 3 имтиёз севум шуданд. Вале дастаи Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Дастаи ғолиби гурӯҳи “В” – мунтахаби наврасони Тоҷикистон - ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони зери 16-сола, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар Малайзия баргузор мешавад, роҳ ёфтааст.
Агар ин гуна сиёсати Россия идома ёфтан гирад ва хукумати Точикистон нисбати ин сиёсат бепарво ва бе масъулияти кунад дар солхои наздик Точикистон мустакилияти худро аз даст медихад ва ба як губернияи Россия табдил хохад шуд. Зеро бехтарин хатмкунандагон ва болаёкаттарин донишчуёни точикро Россия ба хотири пешрафти илму техникаи худ истифода бурда ба онхо имкониятхои хуби зиндаги ва маоши хуб медихад. Дар Точикистон факат он нафароне мемонанд ки бо акидахои тудрав ва бегона параст боки мемонанд, ки амнияти Точикистонро зери хатари нести меоварад. Мансабдорон холо хам сари вакт аст сари ин масъалаи чидди андеша кунед пагох дер мешавад.
Ватан он ҷо ки озоре набошад, Касеро бар касе коре набошад. Албатта Русия ҷои муносиб барои зиндагӣ нест. Дар он ҷо авторитаризми қавӣ, ёру ошнобозӣ, миллатгароӣ, ҷиноятсолорӣ дар авҷ аст, вале аз Тоҷикистон, ки ҳеҷ имкони кору нонёбӣ нест, беҳтар аст.
Хоки Ватан аз ганчи Сулаймон бехтар!!!