Дар Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешаванд, ҳудуди 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора оид ба 42 намуди варзиш барои 476 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Бояд гуфт, ки барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ гуштии самбо дохил шудааст. Бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ширкаткунандагони Бозиҳои XVIII осиёӣ дар мусобиқаи самбои варзишӣ, ки аз 31-уми август то 1-уми сентябр дар Ҷакарта барпо мегардад, барои чаҳор маҷмуи медалҳо рақобат мекунанд. Рақобатҳо миёни занон дар ду вазн (48 кг ва 68 кг) ва дар байни мардон низ дар ду вазн (52 кг ва 90 кг) баргузор мешаванд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 17-уми январ хабар дод. Ӯ афзуд, “яке аз комёбиҳои назарраси Федератсияи байналмилалии самбо таҳти раҳбарии Василий Шестакови русиягӣ он аст, ки ин намуд ба барномаи Бозиҳои осиёии соли 2018 дар Ҷакартаи Индонезия дохил шудааст. Варзишгароне, ки кишвари моро дар намуди самбои варзишӣ дар ду вазн (52 кг ва 90 кг) миёни мардон намояндагӣ мекунанд, аз рӯи натиҷагирии чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо, ки баргузории он моҳи март дар назар аст, маълум хоҳанд шуд.”
Зимнан, дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии самбои Осиё дар шаҳри Тошканд Умед Ҳасанбеков дар вазни зери 90 кило медали нуқра ва Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Вале дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуда буд, ҳарду паҳлавони тоҷик ҷойҳои ҳафтумро касб намуда, бе медал монданд.
“Мавсими нав бо мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Беларус, ки рӯзҳои 16-17-уми феврал дар Минск баргузор мешавад, оғоз меёбад. Варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, дар чемпионати Осиё, ки рӯзҳои 11-13-уми май дар пойтахти Муғулистон - Улан-Батор – барпо мегардад, ширкат меварзанд. Мусобиқаи аз ҳама муҳиму бузурги имсола – чемпионати ҷаҳон оид ба самбо - рӯзҳои 9-11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – Бухарест – доир хоҳад шуд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.