Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳонгир Алиев ба дастаи “Насаф”-и Қаршӣ пайваст


Ҷаҳонгир Алиев, нимҳимоятгари 21-солаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, дар бошгоҳи «Насаф»-и Қаршӣ, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Узбакистон, аз озмоиш гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” рӯзи 15-уми январ хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Ҷаҳонгир Алиев, ки ду соли ахир дар дастаи “Истиқлол” бозӣ мекард, бо бошгоҳи «Насаф» қарордоди яксола ба имзо расонидааст. Вале дар бораи маоши ин футболбози ҷавони тоҷик дар дастаи наваш иттилоъ дода нашудааст.

Легионери тоҷик метавонад дар ҳайати «Насаф» дар бозии плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) барои роҳ ёфтан ба марҳалаи гурӯҳии мусобиқот, ки 30-юми январ дар Қаршӣ муқобили «Ал-Файсал»-и Урдун баргузор мешавад, ширкат варзад.

Ҷаҳонгир Алиев дар ҳайати дастаи “Истиқлол” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2016 ва 2017), барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2017 ва финалисти Ҷоми AFC-2017 гардидааст.

Зимнан, пеш аз Ҷаҳонгир Алиев се бозигари дастаи “Истиқлол”ва мунтахаби миллии Тоҷикистон – Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев – барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Индонезия бо бошгоҳҳои ин кишвар қарордоди яксола ба имзо расонида буданд. Ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилови 27-сола дар ҳайати «Шривиҷая», нимҳимоятгар Нуриддин Давронови 26-сола дар «Мадура Юнайтед» ва нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоеви 27-сола дар «Персела Ламонган» бозӣ мекунанд.

Инчунин ҳамлагари русиягӣ Дмитрий Баркови 25-сола, ки дар мавсими порсола дар дастаи “Истиқлол” бозӣ мекард, барои озмоиш ба «Локомотив»-и Тошканд даъват шудааст. Барков дар ҳамин ҳол дар ҳайати “Локомотив” дар Имороти Муттаҳидаи Араб тамрин мекунад. Қаҳрамони феълии Узбакистон дар доираи омодагӣ ба мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар Дубай чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Дастаи “Истиқлол” бошад, дар айни ҳол таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев ба мавсими нав омодагӣ мебинад. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то оғози мусобиқот барои Ҷоми ФФТ идома хоҳанд кард.

Нахустин бозии расмии “Истиқлол” дар мавсими имсола рӯзи 22-юми январ дар марҳалаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор мешавад. Рақиби “Истиқлол” дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, мебошад.

Мусобиқоти муҳимтарини имсола барои “Истиқлол” Ҷоми AFC маҳсуб мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ғолиби ҷуфти плей-офф, ки 20-уми феврал маълум хоҳад шуд, анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф шомиланд.

Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ аз 7-уми март то 16-уми май баргузор мешавад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ барпо мегарданд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр доир хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG