Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, омодагиро ба мавсими нави футбол шуруъ кард. Аввалин тамрини даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 10-уми январ баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол” хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, машғулиятҳо то оғози мусобиқот барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) идома хоҳанд кард. Ҳамзамон футболбозон аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Вале ҳанӯз ҳайати даста комил нест. Дарвозабон Никола Стошич, нимҳимоятгар Дэвид Мавутор ва якчанд футболбози дигар ба «Истиқлол» рӯзҳои наздиктарин мепайванданд. Ба бошгоҳ ҳамлагари ҷавон Шериддин Бобоев, ки муҳлати иҷорааш бо дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ба анҷом расид, баргаштааст.
Ҳамлагари русиягӣ Дмитрий Барков, ки дар мавсими порсола дар ҳайати дастаи “Истиқлол” бозӣ мекард, барои озмоиш ба «Локомотив»-и Тошканд, қаҳрамони феълии Узбакистон, даъват шудааст. Барков дар ҳамин ҳол дар ҳайати “Локомотив” дар Имороти Муттаҳидаи Араб тамрин мекунад. “Локомотив” дар доираи омодагӣ ба мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар Дубай чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, се бозигари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев – бар асоси қарордоди яксола дар бошгоҳҳои футболи Индонезия бозӣ мекунанд. Ҳамлагар Ҷалилов ба дастаи «Шривиҷая, нимҳимоятгар Давронов ба бошгоҳи «Мадура Юнайтед» ва нимҳимоятгар Фатҳуллоев ба тими «Персела Ламонган»-и Индонезия пайвастаанд.
Инчунин Ҷаҳонгир Алиев, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол», ба бошгоҳи футболи «Насаф»-и Қаршӣ, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Узбакистон, даъват шудааст. Вай, ки дар ҳайати дастаи «Насаф» ба Туркия сафар кардааст, аз озмоиш мегузарад.
Нахустин бозии расмии “Истиқлол” дар мавсими имсола рӯзи 22-юми январ дар марҳалаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе баргузор мешавад. Рақиби “Истиқлол” дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, мебошад.
Дар марҳалаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд. Гурӯҳи «Б»-ро тимҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) ташкил медиҳанд.
Дар минтақаи Душанбе бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳалаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе барпо мегардад, роҳ меёбанд.
Зимнан, дастаи “Истиқлол”, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ маҳсуб мешавад, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.
Мусобиқоти муҳимтарини имсола барои “Истиқлол” Ҷоми AFC маҳсуб мешавад. Қаҳрамони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ғолиби ҷуфти плей-офф, ки 20-уми феврал маълум хоҳад шуд, анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф шомиланд.
Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.