Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии аввалини “Истиқлол”-ро дар Ҷоми AFC-2018 арабҳо доварӣ мекунанд


Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) доварони бозии даври аввали мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти плей-оффро таъйин кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Одил Алӣ Аҳмад Хамис Ал-Нақбӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - Ҷасим Абдулло Юсуф Абдулло Ал-Алӣ ва Собит Убайд Сурур Собит Ал-Алӣ кӯмак мекунанд.

Вазифаи довари эҳтиётиро Яъқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бар дӯш дорад. Масъуд Иноят аз Эрон нозири доварон ва Аҳмад Ҳамид Саид Ал-Хусайбӣ аз Умон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Бозии даври аввали мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи «D» миёни дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти плей-офф рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ба гурӯҳи «D»-и Ҷоми AFC-2018 се қаҳрамон – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олой» (Қирғизистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф, ки 20-уми феврал маълум хоҳад шуд, шомиланд.

Дар бозиҳои пешакӣ рӯзҳои 23-юм ва 30-юми январ барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон - «Аҳал» - вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфт дар даври плей-офф бо барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – бозӣ мекунад.

Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар Бишкек ё Балканобод, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Даври пешакӣ. Бозии аввал
23 январ (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври пешакӣ. Бозии ҷавобӣ

30 январ (сешанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Плей-офф. Бозии аввал
13 феврал (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Дордой»/«Аҳал» – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

20 феврал (сешанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Дордой»/«Аҳал»

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум
7 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 2-юм
14 март (чоршанбе)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
11 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум
25 апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
2 май (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
16 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG