Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ -- кӣ бо кӣ рақобат мекунад?


Имрӯз, 9-уми январ, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, қуръакашии марҳалаи пешакии мусобиқот барои Ҷоми ФФТ-2018 дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот барои Ҷоми ФФТ, мисли солҳои пешин, дар ду марҳала – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳалаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон - барпо мегардад.

Дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки рӯзи 22-юми январ шуруъ мешавад, ҳашт даста иштирок мекунад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд. Ба гурӯҳи «Б» «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) шомиланд.

Дар минтақаи Душанбе бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳалаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки барандаи феълии Ҷоми ФФТ маҳсуб мешавад, соли гузашта дар бозии ниҳоӣ тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ҷоми ФФТ-2018

Натоиҷи қуръакашии марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Гурӯҳи «Б»: «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «ФК-83» (Душанбе), ССКА «Помир» (Душанбе).

Тақвими бозиҳои даври якум:

22-юми январ (душанбе)

«Истиқлол» – ССКА «Помир»

«Кӯктош» – «ФК-83»

23-юми январ (сешанбе)

«Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ»

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир»

XS
SM
MD
LG