Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) доварони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистонро таъйин кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Нивон Робеш Гамини 33-сола аз Шри-Ланка сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - Локу Кастхотэҷ Иран Удаякантхаи 39-сола ва Веллабада Хеваҷ Дон Санҷива Премалали 40-сола – кӯмак мекунанд.
Вазифаи довари эҳтиётиро Вираккодикараҷ Касун Лакмал Вираккодии 28-сола бар дӯш дорад. Солеҳ Муҳаммад Абдулло Ҳасан Ал-Марзукӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Субраманиан Маникам аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.
Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Хуҷанд”, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистон рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд багузор мешавад.
Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 ё дар Бишкеки Қирғизистон ва ё дар Балканободи Туркманистон барпо мегардад. Дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфтан, «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон) бозӣ мекунад.
Rost meguyad
Кумитаи Зиддиинхисори Аввалаш ин номи нофахмост... Дувумаш барои чи чарима мекунен... Савумаш пули чаримакадикон кучо шуд? раиси Кумитаи Зиддиинхисори Шумо метонистен бо ин маблаг ОРДУ РАВГАН ворид мекарден, нарха дар бозор мефароварден... камтар фикри мардуми камбизоата кунен, нархора арзон кунен....
Алим шарм ва вичдон надорад. Фочиаи Рушонро ба ту касе намебахшад.
Нарх дар бозор дандон шикан вати он расидастки хукмат захира и 2 солащро банархи арзонтар нисбати бозор ба савдо барора ки зури мардум намераса [ инки маоша ё нафакара ай 3 хазор соман боло кунад 200 нафака мегира як баклашка руган мешава бо чикор кунад.
Таваллудро кам кардан даркор.