Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми олии Тоҷикистон аз кӣ мешавад -- "Хуҷанд" ё "Истиқлол"?


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон-2018 рӯзи 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, бо тасмими кумитаи иҷроияи ФФТ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2018 қаҳрамони кишвар - «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори нӯҳум баргузор мешавад. Аввалин бозӣ барои Ҷоми олӣ соли 2010 дар шаҳри Турсунзода барпо гардида буд. Баъдан беҳтарин дастаҳои кишвар барои Суперҷоми Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (2011), Ваҳдат (2012), Кӯлоб (2013), Душанбе (2014, 2015), Турсунзода (2016) ва Ҳисор (2017) мубориза бурданд.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - «Истиқлол» - шаш бор – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ Ҷоми олиро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни "Истиқлол", қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва "Ҳосилот", ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар-2016, рӯзи 4-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда буд. «Ҳосилот», ки рақибашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, барои аввалин бор соҳиби Ҷоми олии футболи Тоҷикистон гардид.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2017):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

XS
SM
MD
LG