Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷои кор ёфтам”, “Сурия ором шуд”. Сокинон 2017-ро бо чӣ ба поён мебаранд? ВИДЕО


Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе

То поёни соли 2017 ҳамагӣ чанд соати дигар боқӣ мондааст. Дар ин лаҳзаҳо одамон ба як соли гузаштаи худ назар карда, суду зиёнашро бармекашанд.

Бархеи дигар гуфтанд, ки ҳеч ҳодисаи муҳиме дар ин сол рух надодааст ва чизе ҳам дар ёдашон намондааст.

Дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, ки ин сол бо баъзе ҳодисаҳои муҳими дохилу хориҷ ё марбут ба хонаводаи онҳо дар хотирашон нақш бастааст. Яке аз роҳгузарон дар хиёбонҳои пойтахт рӯзи 31-уми декабр гуфт, имсол соҳиби хона шуд ва аз дарбадарӣ наҷот ёфт.

“Ният карда будам ва имсол ба орзуи худ расидам. Ҳамин чиз дар хотирам барои ҳамеша нақш мебандад. Чун ҳар замоне ба хона нигоҳ мекунам ё бо ҳар касе дар бораи манзил суҳбат мекунам, ҳатман ёдовар мешавам, ки онро соли 2017 гирифта будам”, - афзуд ӯ.

Сокини дигари шаҳри Душанбе, ба қавли худаш, хатми даргириҳо дар Сурияро яке аз ҳодисаҳои муҳим барои худу ҷаҳон донист. Ӯ гуфт, “муҳимтарин ҳодисаи ҳамин сол оромӣ дар Сурия аст. Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” тақрибан барҳам хӯрд. Агар аз ҳамин гурӯҳ халос мешудем, хеле хуб буд.”

Ҳамсуҳбатони дигари мо ба мактаб рафтани фарзанди якуми худ, соҳиби ҷои кор шудан, дарёфти мақом дар як муаасисаи таълимӣ ва ҷарроҳии чашми худро аз ҳодисаҳои муҳими сол номбар карданд. Аммо дар ин миён чанде аз ҳамсуҳбатони мо таъкид карданд, ки дар ин замина чизе барои гуфтан надоранд. Бархеи дигар гуфтанд, ки ҳеч ҳодисаи муҳиме дар ин сол рух надодааст ва чизе ҳам дар ёдашон намондааст.

Нуқтаи назари дигаронро дар ин навори видео бинед ва бигӯед, ки Шумо соли 2017-ро бо чӣ хотираҳо ба поён мебаред?

Сокинони Душанбе соли 2017-ро бо чӣ ба поён мебаранд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:53 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG