Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Туркия дар бозии дувум дар Душанбе


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона, ки рӯзи 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор шуд, аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар ин дидор Некрӯз Алимаҳмадов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 34-ум боз кард. Вале меҳмонон дар охири бозӣ на танҳо ҳисобро баробар намуданд, балки голи дувумро ба самар расонида, бозиро на нафъи худ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия, ки 26-уми декабр дар Душанбе доир шуда буд, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Туркия ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон чунин буд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»), Масрур Мамадакимов («Сипар»);

Базигарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Қузиев, Раҳмоналӣ Шарипов (ҳама – «ДИСИ Инвест»), Файзалӣ Сардоров, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Шарипов, Умед Мирзораҳимов (ҳарчор – «Сипар»), Сиёвуш Қаюмов, Фирӯз Сангов, Мансур Эргашев (ҳарсе – «Соро компания»), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Зоиршо Толибшозода («Сино»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Туркия барои тими миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 1-ум то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин барпо мегардад, ба шумор мерафтанд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи даста аввалан роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё мебошад. Вай афзуд, “Рақибони мо дар сабқати гурӯҳӣ тимҳои пурқувватанд. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ҷопон нисбат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Тошканд доир шуд, ҳайатҳои худро нав кардаанд. Мо бо мунтахаби Узбакистон солҳои охир чор бозӣ карда, дар яктоаш ғолиб шудем, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт ва дар ду бозӣ мағлуб гаштем. Мунтахаби Ҷопон, ки имсол дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод ҷойи сеюмро гирифт, бо ҳайати нав бозӣ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ тими суръатӣ, рақиби сазовор аст. Дар бозӣ бо ҳар яке аз ин дастаҳо тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар хоҳем кард.”

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» нахустин бозиашро 1-уми феврал бо мунтахаби Ҷопон, қаҳрамони секаратаи Осиё, анҷом медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон, ки дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯбарӯ мешавад. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, ки 5-уми феврал барпо мегардад, дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG