Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Эйр Манас" парвозҳои мунтазами "Бишкек-Тошканд-Бишкек"-ро шуруъ кард


Ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон "Эйр Манас" 23 декабр парвозҳои мунтазами "Бишкек-Тошканд-Бишкек"-ро шуруъ кард. Дар ҳоли ҳозир ширкати Uzbekistan Airways парвозҳои байни ду шаҳрҳо анҷом медиҳад.

Вазорати нақлиёти Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар соли 2018 ҳамчунин парвози "Ӯш-Тошканд-Ӯш" ба роҳ монда мешавад.

13 декабр президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷээнбеков гуфт, ки онҳо дар мавриди равуои нақлиёт ба созиш расиданд.

Вай ҳамчунин афзуд, ҷонибҳо дар мавриди таъсиси гардиши автобус ва парвози ҳавопаймо на танҳо дар масири "Бишкек-Тошканд", балки "Тошканд-Ӯш" ҳам ба созиш расиданд. "Талабот зиёд аст. Мо мехоҳем шумори парвозҳои "Бишкек-Тошканд"-ро ду маротиба зиёд кунем", - гуфт Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG