Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Туркия дар Душанбе


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 1-ум то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин баргузор мешавад, бо тими миллии Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Кумитаи андози кишвар, баргузор мешаванд.

Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Туркия барои тими миллии Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти 15-уми қаҳрамонии футзали Осиё ба шумор мераванд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» бо қаҳрамони секаратаи Осиё – мунтахаби Ҷопон – анҷом медиҳад. Ин бозӣ 1-уми феврали соли оянда барпо мегардад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон, ки дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯбарӯ мешавад. Дар бозии ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, ки 5-уми феврал доир хоҳад шуд, рақиби мунтахаби Тоҷикистон дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» –Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ё Баҳрайн – рақобат мекунад.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.

Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1 феврал (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Ветнам – Малайзия

Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ

Тайбэйи Чин – Баҳрайн

2 феврал (ҷумъа)

Ироқ – Чин

Қирғизистон – Лубнон

Эран – Мянмар

Тайланд – Урдун

Даври 2-юм

3 феврал (шанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон

Баҳрайн – Ветнам

Тоҷикистон – Узбакистон

Малайзия – Тайбэйи Чин

4 феврал (якшанбе)

Мянмар – Ироқ

Урдун – Қирғизистон

Чин – Эрон

Лубнон – Тайланд

Даври 3-юм

5 феврал (душанбе)

Узбакистон – Ҷопон

Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Малайзия – Баҳрайн

Тайбэйи Чин – Ветнам

6 феврал (сешанбе)

Эрон – Ироқ

Чин – Мянмар

Тайланд – Қирғизистон

Лубнон – Урдун

Чорякфинал

8 феврал (панҷшанбе)

1 «D» – 2 «С»

1 «С» – 2 «D»

1 «В» – 2 «А»

1 «А» – 2 «В»

Нимфинал

9 феврал (ҷумъа)

Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»

Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»

11 феврал (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

ФИНАЛ

XS
SM
MD
LG