Пайвандҳои дастрасӣ

Guardian: Қурбониҳои хушунати хонаводагӣ дар Русия ҷарима месупоранд


Ҳомиёи ҳуқуқи инсон дар Русия қонунеро маҳкум карданд, ки дар сурати доштани ҳисоби муштараки зану шавҳар, аз зан, ки қурбонии хушнат шудааст, ҷарима талаб мекунад. Дар ин бораи нашрияи Guardian рӯзи 19 декабр хабар нашр кард ва гуфт, ки таъғироти баҳсбарангез ба қонуггузории Русия, баъзе бандҳои марбут ба хушунати хонаводагиро ҷурм намешуморад. Барои намуна зуровари алайҳи ҳамсар ва ё кӯдак, ки пустро сиёҳу кабуд мекунад аммо устухони дасту пойро намешиканад, бо ҷаримаи 30 ҳазор рубл тамом мешавад. Қаблан муҷозоти ин гуна хушунатҳо ду соли зиндон буд.

Марина Паркер - раҳбари созмони "Анна", ки ба қурбониҳои хушунати хонаводагӣ кӯмак мекунад, ба нашрияи Guardian гуфтааст, ки агар ҳамсар баъди латту кӯби зан барои пардохи ҷарима пул надошта бошад, ҷаримаро бояд худи зан супорад. Паркер мегӯяд, дар паноҳгоҳи созмони ӯ зане басар мебарад, ки барои супурдани ҷаримаи шавҳараш, ки ӯро кутак зада буд, аз додгоҳ нома гирифтааст.

Ба гуфти ин ҳомии ҳуқуқ шароити занони мавриди хушунат баъди ворид шудани дигаргуниҳо ба қонунгузорӣ боз ҳам бадтар шуд. Таҳдиди ҷаримасупорӣ занҳоро аз шикоят ба пулис ва маълумот додан дар бораи озордиҳанда дур кардааст.

Ба навиштаи domesticviolence.ru солона беш аз 16 миллион зан дар Русия мавриди зуроварии хонаводагӣ қарор мегиранд, вале танҳо 10 дар сади онҳо ба пулис муроҷиат мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG