Дастаи мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 15-уми декабр нашр шудааст, панҷ зина боло рафт ва дар байни 150 кишвар бо 1018 имтиёз дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, мунтахаби занонаи кишвар ба рейтинги FIFA аз моҳи июни соли равон тавассути бозиҳои анҷомдодааш дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2018, ки моҳи апрели имсол дар Душанбе барпо гардид, дохил шудааст.
Дар ин мусобиқот дастаи мунтахаби занонаиТоҷикистон панҷ бозӣ карда, дар яктоаш бар тими Ироқ (1:0) пирӯз шудааст ва дар чаҳортааш аз дастаҳои Баҳрайн (0:4), Филиппин (0:8), Урдун (2:10) ва Имороти Муттаҳидаи Араб (0:1) шикаст хӯрдааст.
Дар феҳристи ҷаҳонии FIFA миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 2114 имтиёз ҷойи аввал, Олмон бо 2052 имтиёз ҷойи дувум ва Англия бо 2033 имтиёз ҷойи севумро касб кардаанд.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) шомиланд, дар ҷойгоҳи 23-юм қарор дорад. Дар Осиё мунтахаби занонаи Австралия дар мақоми аввал аст (дар ҷаҳон бо 2030 имтиёз дар зинаи 4-ум). Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 9-ум, 1967 имтиёз) ва Кореяи Шимолӣ севум (дар ҷаҳон 14-ум, 1868 имтиёз) мебошанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Русия (25-ум), Украина (27-ум) ва Узбакистон (41-ум) ба даст овардаанд.
Феҳристи ояндаи FIFA миёни дастаҳои мунтахаби миллии занона 23-юми марти соли 2018 нашр хоҳад шуд.