Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони Русия ба Олимпиадаи Пҳенчҳон-2018 мераванд


Ҷаласаи Кумитаи олимпии Русия, ки 12-уми декабр дар шаҳри Маскав доир шуд, изҳороти варзишгарони русиягиро оид ба намудҳои зимистонаи олимпии варзиш дар бастагӣ ба мавқеи онҳо ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пҳенчҳони Куриёи Ҷанубӣ якдилона дастгирӣ намуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Кумитаи олимпии Русия хабар дода шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин ҷаласа намояндагони федератсияҳои умумирусиягии варзишӣ, шӯроҳои арзии олимпӣ, академияҳои олимпӣ ва дигар ташкилотҳои аъзои Кумитаи олимпии Русия, инчунин мураббиёну варзишгарони маъруф ширкат доштанд.

Дар баробари ин ҷаласаи олимпӣ қарор кард, ки ба ҳамагуна тасмими варзишгарон эҳтиром мегузорад ва ҳамаро даъват намуд ба интихоби ҳар як варзишгари алоҳида бо эҳтиром муносибат кунанд.

“Кумитаи иҷроия ва роҳбарияти Кумитаи олимпӣ якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор барои таъмини иштироки варзишгарони Русия дар Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2018, ки аз 9-ум то 25-уми феврал дар Пҳенчҳон баргузор мешаванд, чораҳои ҳамаҷониба андешида, дар ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, техникӣ, молӣ ва ғайра мусоидати зарурӣ намоянд. Он варзишгароне, ки бо ягон сабаб даъвати Кумитаи байналмилалии олимпиро намегиранд ва ё аз ширкат дар Бозиҳо даст мекашанд, бояд ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд”, - таъкид шудааст дар қарори ҷаласаи Кумитаи олимпии Русия.

Ҷаласаи олимпӣ, инчунин Консепсияи барномаи Кумитаи олимпии Русияро дар бобати мусоидат ба омодагии номзадҳо ба аъзогии дастаи олимпии Русия ва таъмини ҳайати вакилони олимпии Федератсияи Русия дар Бозиҳои XXXII зимистонаи олимпии соли 2020 дар Токио (Ҷопон) тасдиқ намуд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштироки варзишгарони русиягиро дар Олимпиадаи соли 2018 дар Пҳенчҳони Куриёи Ҷанубӣ дар як ҷаласаи кумитаи иҷроияи ин созмон, ки рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария доир шуд, баррасӣ намуд. Дар ин ҷаласа Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, гуфт, ки Кумитаи олимпии Русия аз ҳамин лаҳза аз узвият хориҷ шудааст.

“Варзишгарони русиягӣ, ки допинг истеъмол накардаанд, дар мавриди пазируфтани шартҳои қатъӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пҳенчҳон роҳ дода мешаванд. Ин варзишгарони даъватшуда бо номи “Варзишгарони олимпӣ аз Русия” ҳам дар намудҳои инфиродӣ ва ҳам дар намудҳои дастаӣ таҳти парчами олимпӣ ширкат меварзанд. Дар маросим танҳо гимни олимпӣ садо медиҳад", - афзуд Томас Бах.

Ӯ гуфт, ки ба ягон шахси расмӣ аз Вазорати варзиши Русия иҷозаи ширкат дар Олимпиада дода намешавад. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко ва муовини ӯ Юрий Нагорних, ки ҳангоми баргузории Бозиҳои олимпии Сочи ин вазифаҳоро бар дӯш доштанд, дар оянда ба ягон олимпиада роҳ дода намешаванд”, - иброз дошт президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ.

Дар пироҳани варзишгарони русиягӣ танҳо парчами олимпӣ инъикос меёбад. Дар Олимпиада гимни Русия садо намедиҳад, ба ҷои он гимни олимпӣ танинандоз мешавад.

Бар асоси қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Олимпиада он варзишгароне метавонанд иштирок намоянд, ки пештар барои истеъмоли допинг муҷозот нашудаанд.

Дар баробари ин тасмими кӣ ба Олимпиада меравад аз ҷониби комиссияи вижа, ки ба он сарвари ITA (Ташкилоти мустақили ташхиси допинг) Валери Фурнейрон раҳбарӣ мекунад, гирифта мешавад.

Моҷарои истифода аз допинги варзишгарони русӣ инак ду-се соли охир идома дорад. Мақомоти олимпӣ ба хулосае омаданд, ки истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони русро мақомот ташкил мекарданд. Дар натиҷаи моҷарои марбут ба ҳимояти мақомот аз варзишгарон дар истифодаи доруҳои нерӯфизо ё допинг, бо тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ бештари намояндагони варзиши сабуки Русия ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳ дода нашуданд. Ба ҷуз ин, дастаи мунтахаби Русия аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2016 маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG