Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиёро, ки аз 1-ум то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин баргузор мешавад, эълон кард.
Мо ба гурӯҳи на суст ва на пурзӯр афтидем. Дар бораи рақибонамон иттилои кофӣ дорем. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ҷопон нисбат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Тошканд доир шуд, ҳайатҳои худро нав кардаанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» бо қаҳрамони секаратаи Осиё – мунтахаби Ҷопон – анҷом медиҳад. Ин бозӣ 1-уми феврали соли оянда барпо мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот 3-юми феврал бо дастаи Узбакистон, ки дар мусобиқоти охирини қаҳрамонии Осиё дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид, рӯбарӯ мешавад. Дар бозии ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, ки 5-уми феврал доир хоҳад шуд, рақиби мунтахаби Тоҷикистон дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мо барои роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мубориза мебарем. Вай афзуд, «мо ба гурӯҳи на суст ва на сахт афтидем. Дар бораи рақибонамон иттилои кофӣ дорем. Дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Ҷопон нисбат ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки соли 2016 дар Тошканд доир шуд, ҳайатҳои худро нав кардаанд. Мо бо мунтахаби Узбакистон моҳи августи имсол дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ду бозии дӯстона анҷом додем. Бозии аввал бо пирӯзии ҷоизадори нуқраи чемпионати Осиё бо ҳисоби 5:4 хотима ёфт. Дар бозии ҷавобӣ мо бо ҳисоби 5:3 ғолиб шудем. Мунтахаби Ҷопон, ки се бор –
солҳои 2006, 2012 ва 2014 - қаҳрамони Осиё гардидааст, дар мусобиқоти охирин чандон хуб ҳунарнамоӣ накард. Ҷопониҳо дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашхобод ҷойи сеюмро гирифтанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ низ рақиби сазовор аст. Бо ҳар яке аз ин дастаҳои гурӯҳамон рақобат кардан мумкин аст, вале муҳим он аст, ки ба худ боварӣ карда, дар ҳар як бозӣ тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар намоем.”
Ба қавли Ҳусейн Шодиев, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар Душанбе бо тими миллии Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашӣ дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» –Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ё Баҳрайн – вориди рақобат мешавад.
Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:
Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.
Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
1 феврал (панҷшанбе)
Ҷопон – Тоҷикистон
Ветнам – Малайзия
Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ
Тайбэйи Чин – Баҳрайн
2 феврал (ҷумъа)
Ироқ – Чин
Қирғизистон – Лубнон
Эран – Мянмар
Тайланд – Урдун
Даври 2-юм
3 феврал (шанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон
Баҳрайн – Ветнам
Тоҷикистон – Узбакистон
Малайзия – Тайбэйи Чин
4 феврал (якшанбе)
Мянмар – Ироқ
Урдун – Қирғизистон
Чин – Эрон
Лубнон – Тайланд
Даври 3-юм
5 феврал (душанбе)
Узбакистон – Ҷопон
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ
Малайзия – Баҳрайн
Тайбэйи Чин – Ветнам
6 феврал (сешанбе)
Эрон – Ироқ
Чин – Мянмар
Тайланд – Қирғизистон
Лубнон – Урдун
Чорякфинал
8 феврал (панҷшанбе)
1 «D» – 2 «С»
1 «С» – 2 «D»
1 «В» – 2 «А»
1 «А» – 2 «В»
Нимфинал
9 феврал (ҷумъа)
Ғолиби 1 «D»/2 «С» – Ғолиби 1 «В»/2 «А»
Ғолиби 1 «С»/2 «D» – Ғолиби 1 «А»/2 «В»
11 феврал (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Финал