Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбакистон дар футзали Осиё-2018 рақобат мекунанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018, ки аз 1 то 11-уми феврали соли 2018 дар Тайбэйи Чин баргузор хоҳад шуд, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Узбакистон, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Ин қуръакашӣ субҳи 12-уми декабри имсол дар меҳмонхонаи “Шервуд”-и Тайбэйи Чин баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 бо тими миллии Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашӣ дастаҳои ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Ду дастаи зӯртарин аз ҳар гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд. Баъдан бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» –Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия ё Баҳрайн – вориди рақобат мешавад.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018:

Гурӯҳи «А»: Тайбэйи Чин, Ветнам, Малайзия, Баҳрайн.

Гурӯҳи «В»: Узбакистон, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Чин, Мянмар.

Гурӯҳи «D»: Тайланд, Қирғизистон, Лубнон, Урдун.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018 бо тими миллии Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозиҳои дӯстона рӯзҳои 26-ум ва 27-уми декабр дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд.

Зимнан, моҳи феврали соли равон дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон ду бозии дӯстона доир карда буданд, ки ҳарду дидор дар шаҳри Ялова бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

XS
SM
MD
LG