Варзишкорони Русия барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пҳенчони Куриёи Ҷанубӣ бо вазъи бетараф ва риоя кардани як қатор шартҳо роҳ дода мешаванд. Меъёрҳои иҷозаро Кумитаи байналмилалии олимпӣ тарҳрезӣ кардааст. Дар ин бора Оҷонси иттилоотии "Регнум" 5-уми декабр хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, барои дар Бозиҳо иштирок кардан дархостҳои инфиродӣ пешниҳод намудан зарур аст, чунонки варзишкорони дави майдонӣ пеш аз Олимпиадаи соли 2016 дар Бразилия карда буданд.
Хоҳишмандоне, ки ба Пҳенчон рафтанианд, набояд дар манобеи мушаххасоти Озмоишгоҳи зиддидопингии Маскав зикр шуда бошанд ва бояд собит намоянд, ки ба истеъмоли маводи мамнуъ рабте надоранд.
Тасмим дар бораи иҷозаи русиягиҳоро федератсияҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои варзиш мегиранд, баъдан дархостҳои варзишгаронро Кумитаи байналмилалии олимпӣ бояд тасдиқ намояд.
Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар он дар бораи иҷозаи варзишгарони русиягӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2018 таҳти парчами бетараф баррасӣ мешавад, 5−6 декабр дар Лозаннаи Швейтсария доир мегардад.
Бояд гуфт, ки ба варзишгарони бетараф пӯшидани пироҳани сафед бе нишонҳои фарқкунандаи миллӣ ҷоиз аст. Ба варзишгарони русиягӣ лозим меояд ё Бозиҳои соли 2018-ро нодида бигиранд ва ё бо шартҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ розӣ шаванд ва бахташонро ба таври инфиродӣ биозмоянд.