Пайвандҳои дастрасӣ

Номи муттаҳам дар қатли Марҷонаи бистсола эълон шуд


Марҷона Шерхонова

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 29-уми ноябр номи муттаҳам дар қатли Марҷона Шерхонова, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро эълон кард. Мақомоти вазорат бо пахши як навори видеоӣ гуфтанд, ин нафар Иброҳим Муъминов, сокини 29-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст, ки феълан дар боздошт қарор дорад.

Ҷасади Марҷона Шерхонова, сокини шаҳри Турсунзода, рӯзи 21-ноябр аз дохили як мошини бетоншӯрӣ дар наздикии бозори Балхи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Акс аз навори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Акс аз навори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Иброҳим Муъминов, ҷавоне, ки дар қатли Марҷона гумонбар аст, шоми 29-уми ноябр дар навори бозпурсии мақомот тасдиқ кард, ки дар дохили мошини шахсиаш – тамғаи “Нов” (бетоншӯрӣ) ба Марҷона 190 дона доруи димедролро бо об омехта карда, маҷбурӣ оби ин зарфро ба вай нӯшондааст. Мӯъминов гуфт, ин ҳодиса рӯзи 14-уми ноябр рух дод. Дар посух ба суоли онки кай фаҳмид, Марҷона мурдааст, гуфт, “беҳуш буд. Дидам, ки намеҷунбад, дари мошинро маҳкам карда рафтам”.

Дар ин навори видеоӣ аз ин бештар ҷузъиёт дода нашуд. Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр расман аз боздошти гумонбар дар куштори Марҷона Шерхонова хабар дода, аммо он замон ному насаби ҷавони гумонбарро эълон накард.

Марҷона донишҷӯи соли севуми Коллеҷи техникию технологии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон буд. Модараш Ширингул Маликова гуфт, бори охир Марҷонаро рӯзи 13-уми ноябр дида буданд.

Ширингул Маликова гуфт, духтараш ҳамон рӯз “бо хурсандӣ” аз хона баромада, барои гирифтани ҷоизае, ки аз як сабқати тирпаронӣ ба даст оварда буд, ба коллеҷ рафт. Марҷона – яке аз панҷ духтари хонавода буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG