Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” дар Ҷоми AFC ба рақобат аз даври плей-офф шуруъ мекунад


Бозигарони тими "Хуҷанд"
Бозигарони тими "Хуҷанд"

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 ба мубориза аз марҳилаи плей-офф шуруъ мекунад.

Дастаи “Хуҷанд” бозиҳояшро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 аз 13-ум то 20-уми феврал анҷом медиҳад. Нахустин бозии “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ дар хона баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, AFC рӯзи 27-уми ноябр федератсияҳои миллиро хабардор кардааст, ки 36 кишвар барои иштирок дар мусобиқоти бошгоҳии Осиё – дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC – барои соли оянда дархост фиристодааст.

Инҳо Австралия, Баҳрайн, Бангладеш, Бутан, Чин, Тайпэйи Чин, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Эрон, Ҷопон, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Лаос, Лубнон, Макао, Малайзия, Молдив, Муғулистон, Мянмар, Умон, Фаластин, Филиппин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Сурия, Тоҷикистон, Тайланд, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ва Ветнам мебошанд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки имсол то ба финали Ҷоми AFC роҳ ёфт, ба мусобиқоти нав аз даври гурӯҳӣ шуруъ менамояд.

Инчунин дастаи “Олой”-и шаҳри Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон ва ғолиби мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Туркманистон, ки аввали моҳи декабр маълум мешавад, дар марҳилаи гурӯҳӣ ба рақобат мепардозанд. Боз як ширкаткунандаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 на аз марҳилаи пешакӣ, балки аз даври плей-офф шуруъ мекунад, зеро ки қаҳрамони Афғонистон соли оянда дар мусобиқоти аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё ширкат намеварзад.

Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон - «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон мегардад.

Дастаи “Хуҷанд” бозиҳояшро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 аз 13-ум то 20-уми феврал анҷом медиҳад. Нахустин бозии “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ дар хона баргузор мешавад. Бозиҳои даври пешакӣ бошанд, 23-юм ва 30-юми январ барпо мегарданд.

XS
SM
MD
LG