Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Восиев – беҳтарин нишонзани мусобиқоти лигаи олӣ


Дилшод Восиев

“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии охирини мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқот рӯзи 27-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор барпо гардид.

«Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсола дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад.

Дар ин дидор се голи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд ва шумораи умумии тӯбҳои дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон задаи ӯ ба 16-то расид. Вай дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқоти имсола аз ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалилов, ки 15 гол задааст, пеш гузашт.

Ҳамин тариқ, Дилшод Восиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби миллии кишвар, барои севумин бор беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид. Аз ин пеш ӯ солҳои 2012-ум ва 2014-ум беҳтарин нишонзан шуда буд.

Ба ин тартиб, мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол бо ширкати ҳашт даста дар се давра сурат гирифт, ба поён расид. «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки бо 55 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб кард, барои шашумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мукофотонида мешавад. Зимнан, “Истиқлол” дар 17 бозӣ пирӯз шуда, 4 бозиро мусовӣ анҷом додааст ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад.

ССКА «Помир»-и Душанбе бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муъминов, ки бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот мақоми севумро азони худ кард, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

«Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсола дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад.

«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2017, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими нав мушарраф шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мавсими имсолаи футбол дар кишвар рӯзи 2-юми декабр бо бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шуруъ хоҳад шуд, ба поён мерасад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 1:3

Голҳо: Дилшод Восиев, 36 (0:1). Дилшод Восиев, 50 (0:2). Дилшод Восиев, 69 (0:3). Хайрулло Азизов, 90+1 (1:3).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Хайрулло Азизов («Ҳосилот»), 90+1 – дарвозабон.

«Ҳосилот» (Фархор): Маъруф Нуралиев (Шӯҳрат Сафолов, 46), Баҳром Изомов, Ҳасан Худойқулов (Абдухолиқ Камолов, 60), Азизбек Раҷабалиев, Исмат Қодиров, Сӯфишариф Шарифов, Хайрулло Азизов, Ҷовидон Малозода, Қурбон Маҳмадиев, Ҷамшед Умаров, Диловар Оймуҳаммадов.

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Александр Стетсенко (Ойбек Абдуғаффоров, 54), Табрези Давлатмир, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе, Фарҳод Қосимов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 51), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Ҳомид Ғуломӣ, 59), Дилшод Восиев.

Огоҳӣ гирифт: Дмитрий Барков («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини дидор: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

27-уми ноябр. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот:

1. «Истиқлол» (Душанбе) - 21 бозӣ - 55 имтиёз (тӯбҳо - 64-14)

2. «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 21 бозӣ – 37 имтиёз (44-22)

3. ССКА «Помир» (Душанбе) – 21 бозӣ – 34 имтиёз (19-13)

4. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 21 бозӣ – 24 имтиёз (22-23)

5. «Барқчӣ» (Ҳисор) – 21 бозӣ – 24 имтиёз (20-27)

6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 21 бозӣ – 22 имтиёз (17-28)

7. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 21 бозӣ – 19 имтиёз (25-48)

8. «Ҳосилот» (Фархор) – 21 бозӣ – 15 имтиёз (16-52)

Нишонзанҳо: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 16 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 10 тӯб.

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

2-юми декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG