Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 гурда – 11 ҳазор сомонӣ. ВКД ба пардохти ҷарима муваззаф шуд


Фарҳод Ғоибов
Фарҳод Ғоибов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба Фарҳод Ғоибов – сокини 37-солаи Панҷакент – 11 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозанд. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Фарҳод Ғоибов, рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарор охири ҳафтаи гузашта содир шуд.

Наздикони Фарҳод Ғоибов мегӯянд, ки пас аз латту кӯб дар идораи пулиси шаҳри Панҷакент як гурда ӯ кафидааст. Дар ибтидо онҳо аз Вазорати корҳои дохилӣ барои барқарор кардани гурдааш 650 ҳазор сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб карданд. Фарҳод Ғоибов баъди табобат дар яке аз шифохонаҳои Русия дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент ба сар мебарад.

Ба қавли вакили мудофеъ, “таҷрибаҳои пешин нишон доданд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷаримаи таъиншударо мепардозад. Вале 11 ҳазор дар ивази зараре, ки ба нафари таҳти ҳимояти ман расидааст, ночиз аст.”

Фарҳод Ғоибов ду сол қабл дар идораи пулис латту кӯб шуд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи ӯро рӯзи 27-уми июли имсол баррасӣ кард. Ӯ 1-уми сентябри соли 2015 дар пайи муноқиша бо як хеши нозири минтақавӣ ба идораи пулис бурда шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки алайҳи ӯ ҳеҷ иттиҳоме эълон нашуд, аммо нозири минтақавӣ ҳамроҳ бо як коргари дигари пулис ӯро шадидан латту кӯб кардаанд. Баъдан, дар моҳи январи соли 2016 додгоҳ ду ходими пулисро бо ҷурми “баромадан аз салоҳияти хизматӣ ва расонидани зиёни сахти ҷисмонӣ” ба муддати 8 сол зиндонӣ кард.

То ҳодисаи латту кӯб шудан дар шуъбаи корҳои дохилӣ, Фарҳод дар Русия ба корҳои сохтмонӣ машғул буд ва зиндагии хонаводаашро пеш мебурд.

XS
SM
MD
LG