Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии каратэи Аврупо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти 9-уми қаҳрамонии Аврупо оид ба шотокан каратэ ва Ҷоми ҷаҳон (WSF), ки аз 17 то 19-уми ноябр дар шаҳри Пардубитсаи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, ҳафт медали тилло ба даст оварданд. Дар ин мусобиқот ҳудуди 400 варзишгар аз 18 кишвар ширкат дошт.

Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт.

Ба иттилои Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, ҳафт медали тиллоро чаҳор варзишгари тоҷик соҳиб шудааст. Асадбек Фаттоев дар миёни наврасони 14-15-сола дар вазни зери 63 кило дар бахши WKF ва иппон кумитэ ду медали тилло гирифт. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов низ дар байни варзишгарони 16-17-сола дар вазни зери 55 кило дар бахши WKF ва иппон кумитэ бо ду медали тилло сарфароз гашт.

Умед Сафаров ҳам дар сабқати варзишгарони 16-17-сола дар вазни зери 68 кило дар бахши WKF ва иппон кумитэ бо ду медали тилло мукофотонида шуд. Медали ҳафтуми тиллоро ба дастаи Тоҷикистон Бадриддин Умедов дар сабқати варзишгарони синашон аз 18-сола боло дар бахши WKF овардааст.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасону навҷавонон ва бузургсолон, ки рӯзҳои 13-16 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – баргузор шуд, танҳо як медали нуқра гирифта буданд.

Ин медалро Ҳоҷиқурбон Маҳмадов соҳиб шудааст. Ӯ дар рақобатҳо дар навъи кумитэ дар вазни зери 55 килограмм миёни навҷавонон баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қирғизистону Ҳиндустону Ҷопон ба финал баромад. Вале Ҳоҷиқурбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Муктӣ Ваҳу (Индонезия) мағлуб гашт.

Каратэ-до ҳунари размии ҷопонӣ буда, маънояш муҳориба бо дастони холист. Ин намуд, ки ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш дохил шудааст, дар Тоҷикистон, бахусус миёни наврасону ҷавонон, маъруфият пайдо кардааст.

Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин намуди варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғул ҳастанд.”

Ба гуфтаи Бодаков, варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, ҳафт нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва чаҳор нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG