Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бонки миллӣ” – барандаи Ҷоми раиси шаҳри Душанбе


Tajikistan -- football team of National Bank of Tajikistan, 21Nov2017
Tajikistan -- football team of National Bank of Tajikistan, 21Nov2017

Дастаи “Бонки миллии Тоҷикистон” (БМТ) барандаи Ҷоми раиси шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд гардид. Ин мусобиқа, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи пойтахти кишвар доир намуд, бо ширкати беш аз 40 даста дар майдончаҳои назди Варзишгоҳи марказӣ тӯли як моҳ идома кард.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи “Бонки миллӣ” бо тими “ВКД” (Вазорати корҳои дохилӣ) рақобат намуд. Замони асосии ин бозии ҳалкунанда бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ тими “Бонки миллӣ” бо ҳисоби 7:6 ғолиб омад ва мақоми аввалро касб намуд.

Барои ҷойи сеюм дастаи “МИҲД” (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе) бар тими «Формула-55» бо ҳисоби 5-1 пирӯз шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба дастаи ғолиб – “Бонки миллӣ” - ҷоизаи асосиро тақдим намуд. Аъзои дастаи ғолиб ва тимҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, бо медалҳо, ифтихорномаву тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд.

Инчунин ҷоизаи “Дарвозабони беҳтарин” ба Эраҷ Ҳурматов (“ВКД”), “Ҳимоятгари беҳтарин” ба Акбар Муҳаммадов (“Бонки миллӣ”), “Нимҳимоятгари беҳтарин” ба Темур Исмоилов (“Формула - 55”), “Ҳамлагари беҳтарин” ба Зиёдулло Одинаев (“МИҲД”), “Бозигари беҳтарин” ба Тоҷиддин Саидзода (“МИҲД”) ва “Нишонзани беҳтарин” ба Рамазон Раҳимзода (“ВКД”) супурда шуд.

XS
SM
MD
LG